Шаҳри ИСТИҚЛОЛ
Меҳвари вохӯрӣ сарфакории барқ буд
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи неруи барқ дар ташкилоту муассисаҳо, бозори марказӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва муассисаҳои тандурустии шаҳри Истиқлол силсилаи мулоқоти намояндагони мақомоти дахлдор бо аҳолӣ баргузор гардид.
Дар он намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Муҳаммад Ниёззода, ёрдамчии прокурори шаҳр Алишер Нишонов ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол иштирок намуда, қонунҳо ва тағйиру иловаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба истифодаи қувваи барқро шарҳ доданд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки маҳдудият дар интиқоли барқ муваққативу мавсимӣ буда, шаҳрвандон бояд ба истифодаи сарфакоронаи барқ диққати ҷиддӣ диҳанд ва ба исрофи беҳуда роҳ надиҳанд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар баъзе ҳолатҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади напардохтани маблағи истифодаи барқ нишондоди ҳисобкунакҳоро тағйир дода, бе пайваст шудан ба таҷҳизоти ҳисоббарорӣ онро ғайриқонунӣ истифода мебаранд.
Бояд тазаккур дод, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина тағйирот ворид гардид. Аз ҷумла, ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, нисбат ба шахсони воқеӣ барои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи неруи барқ ҷаримабандӣ пешбинӣ шудааст.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”