ФУТЗАЛ
Тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷакарта ба Ҷоми Осиё - 2026 омодагӣ мебинад
Тими миллии футзали кишвар 14-уми январ ба шаҳри Ҷакарта сафар мекунад ва он ҷо омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё - 2026 оғоз менамояд.
Дар доираи омодагиҳо даста дар Индонезия, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврал мизбони Ҷоми Осиё – 2026 мебошад, машқҳои дастаҷамъии даҳрӯза роҳандозӣ мекунад. Дар доираи ҷамъомад мунтахаби кишвар се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Сармураббии даста Пайрав Воҳидов ба тамринҳо 16 бозигарро даъват кардааст – се дарвозабон ва 13 бозигар. Ҳайати ниҳоии мунтахаб барои Ҷоми Осиё 14 бозигарро дар бар мегирад.
Дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми футзали Осиё – 2026 тими миллии Тоҷикистон бо яккачинҳои Ӯзбекистон (28-уми январ), Ҷопон (30-юми январ) ва Австралия (1-уми феврал) бозӣ мекунад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”