Баргашт Чоп кардан

Натиҷаи таърихии варзишгарони мо дар Чемпионати Осиё

МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТА

Натиҷаи таърихии варзишгарони мо дар Чемпионати Осиё

Тими санъати муҳорибаҳои омехтаи (ММА) Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё, ки 9 – 11-уми январ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гашт, 6 медал: 4 тилло, 2 нуқра ба даст овард.

Ба иттилои Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа ҷумҳурии моро шаш нафар намояндагӣ карда, ҳамаи онҳо соҳиби медал шуданд.

Медалҳои тиллоро Қосим Сардоров (ММА муосир, 85 кг), Мирзобек Умаров (ММА муосир, 60 кг), Баҳром Ҳакимов (ММА анъанавӣ, 60 кг), Отабек Раҷабов (ММА анъанавӣ, 65 кг) сазовор гаштанд. Беҳрӯз Хуршедзода (ММА муосир, 71 кг) ва Манучеҳр Давлатов (ММА анъанавӣ, 71 кг) ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуданд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”