ФУТБОЛ
Эҳсон ва Шервонӣ ба бошгоҳи «Теренгану»-и
Малайзия гузаштанд
Нимҳимоятгарони тими миллии Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе ва Шервонӣ Мабатшоев фаъолияти худро дар дастаи «Теренгану»-и Малайзия идома медиҳанд.
Ҳар ду ба ҳайси футболбози озод ба даста ҳамроҳ шуданд. «Теренгану» айни замон дар Суперлигаи Малайзия ҷойи панҷумро ишғол мекунад.
Мавсими гузашта Эҳсони Панҷшанбе дар дастаҳои «Суғдиёна»-и Ҷиззах ва «Истиқлол»-и Душанбе, Шервонӣ Мабатшоев дар дастаҳои «Капаз»-и Озарбойҷон ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозӣ карданд.
Эҳсон аз соли 2016 дар дастаи миллии Тоҷикистон бозӣ карда, дар 67 вохӯрӣ 8 гол задааст. Шервонӣ бошад, аз соли 2018 ба мунтахаби кишвар даъват гашта, дар 39 бозӣ 13 голро ба номаш сабт намудааст.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”