Баргашт Чоп кардан

ПАХТА Чӣ дастовард ва чӣ аздастдодаҳо дорем?!

ПАХТА

Чӣ дастовард ва чӣ аздастдодаҳо дорем?!

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ (16-уми декабри соли 2025) пас аз таҳлили амиқи сиёсати аграрии кишвар чунин дастуру супориш доданд: “Ҳукумати мамлакат, вазифадор карда мешавад, ки бо дарназардошти нақши соҳаи пахтакорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабуку хӯрокворӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот механизми таъмин намудани рушди устувори соҳаи пахтакориро ҷорӣ намояд. Таъкид менамоям, ки ҳавасмандгардонии фаъолияти самараноки хоҷагиҳои пахтакор масъалаи муҳим дар ин самт мебошад”.

Воқеан, соҳаи пахтакорӣ барои Тоҷикистони агросаноатӣ мавқеи калидӣ дошта, ҳамчунин, баланд бардоштани ҳосилнокии пахта ва дар ин замина, бунёд намудани корхонаю коргоҳҳои коркарди ашёи хоми он ва ба кишвари саноатию аграрӣ табдил додани Тоҷикистон нақши муҳим мебозад. Дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ наздики 400 ҳазор тонна пахтаи хушсифат захира шуд. Деҳқонон аз ҳар гектар аз 20 то 30-сентнерӣ ва хоҷагиҳои алоҳида аз ин ҳам бештар ҳосил рӯёнданд. Оре, захираи пахта ҳамчун ашёи хоми саноатӣ фаровон шуд, вале коркарди саноатии он дар кадом сатҳ аст? Агар коркарди ин ашёи хоми босифати саноати нассоҷиро тавсеа дода, маҳсулоти ниҳоӣ омода созем, даромади иқтисодии кишвар бамаротиб боло меравад.

Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, соли гузашта корхонаҳои ресандагӣ 20,1 ҳазор тонна ресмони пахтагин истеҳсол карданд, ки ин коркарди 17 дарсади нахи пахтаи истеҳсолшударо ташкил медиҳад. Яъне, иқтидори корхонаҳои саноатии кишвар барои ба маҳсулоти ниҳоӣ расондани нахи пахта нокифоя аст, зеро шумораи чунин корхонаҳо ангуштшуморанд. Бояд дар ҳар ноҳияи пахтакор корхонаву коргоҳҳои коркарди саноатии нахи пахта фаъол бошанд, он гоҳ нархи хариди пахтаи деҳқон низ боло мерафт.

Насрулло Вализода, муовини раиси ноҳияи Фархор, на дар ҳамаи ноҳияҳои пахтакор мавҷуд будани корхонаҳои нассоҷиро яке аз омилҳои асосии арзонии пахта ҳамчун ашёи хом арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, агар дар ноҳияҳо корхонаҳои нассоҷӣ бештар шаванд, ба рушди соҳа такони бузург мебахшанд. Деҳқон маҳсули дасташро сари вақт бо бастани шартномаҳои ба ҳар ду тараф фоидаовар мефурӯшад ва ба вусъат бахшидани пахтакорӣ ҳавасманд мегардад. Ба гуфтаи Абдусаттор Раҳимов, пахтакор аз ноҳияи Шаҳритус, деҳқонон ба ҳар корхонае, ки пахтаро қиматтар мехарад, маҳсулоташонро мефурӯшанд, ҳоло корхонаҳо каманд ва онҳо нархи як кило пахтаро аз 4-5 сомонӣ боло намебардоранд, ки хароҷоти онҳоро намебарорад, зеро арзиши аслии пахта аз фурӯш дида зиёдтар аст.

Абдурауф Пӯлодов, сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар ин бора чунин изҳор дошт:

– Албатта, коркарди пурраи нахи пахта ва то ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ расондани он зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023 Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040 қабул гардида, мавриди иҷро қарор дорад ва барои коркарди бештари нахи пахта дар кишвар чораҳои зерин заруранд:

– дастрасии ҳарчи бештари корхонаҳои коркарди пахта ба захираҳои ашёи хом. Маврид ба зикр аст, ки қисми бештари нахи пахтаи кишвар соли гузашта дар шакли хом содирот гардидааст, ки ин омил имконияти рушди корхонаҳои ватаниро коҳиш медиҳад;

– диверсификатсияи содирот. Ҷоннок намудани корҳо дар самти дарёфти фармоишгарони хориҷӣ ба матоъҳои пахтагин аз ҷониби корхонаҳои соҳа метавонад ба ташаккули арзиши иловашудаи коркарди нахи пахта дар ҷумҳурӣ мусоидат намояд;

– омода кардани мутахассисони касбӣ тавассути роҳандозии васеи ҳамкориҳои корхонаҳо бо муассисаҳои таълимӣ;

– рушди низоми қарздиҳии имтиёзнок бо фоизҳои пасттарин ва дарозмуҳлат ба корхонаҳои коркарди пахта.  

Дарвоқеъ, барои саноатчиён дастрасии бемамониат ва саривақтӣ ба ашёи хом яке аз омилҳои асосии фаъолияти муназзаму рушдёбанда барои соҳа аст, зеро дар ҳоли доштани захираи кофӣ онҳо дилпурона тавлидоти маҳсулоти пахтагинро ба роҳ мемонанд.

Абдулло Муҳаммадҷонов, коршиноси соҳаи нассоҷӣ, пешниҳод дорад, ки корхонаҳо бояд захираи пахта дошта бошанд. Ҳосил имсол хеле хуб буд, аммо ин маънои онро надорад, ки истеҳсолкунандаи матоъ ва либос дар вақти даркорӣ ашёи хомро бемушкилӣ дарёфт мекунад. Аз ин рӯ, доштани захираи кофӣ барои аз як ҳосил то ҳосили нав барои фаъолияти пайвастаи корхона ниҳоят зарур аст. Ҳамчунин, омодасозии мутахассисони соҳаи нассоҷӣ муҳим аст. Ӯ мегӯяд, ки донишҷӯёни риштаи нассоҷӣ аз аввали омӯзиш ба корхонаҳои соҳа ҷалб шуда, таҷриба гиранд, зеро баъди хатм чун мутахассиси таҷрибадор ҳадафмандона вориди кор мегарданд. Илова бар ин, метавонанд ба ташкили коргоҳҳои хурд ва дар оянда корхонаҳои бузург иқдом бигиранд. Дидани кор чашми касро мекушояду ӯро кордон мекунад.

Абдулло Муҳаммадҷонов, ҳамзамон, таҷдиди таҷҳизоти куҳнашудаи корхонаҳои нассоҷии кишварро ҳам аз масоили зарурии соҳа медонад. Ба маълумоти ӯ, айни замон дастгоҳҳои корхонаҳои соҳа фарсуда шуда, иқтидори истеҳсолии худро қариб аз даст додаанд.

Пахтаи Тоҷикистон, хусусан маҳиннах, дар бозори ҷаҳонӣ чун бренди пахтаи тоҷик маъруф аст. Ҳоло як тонна пахта дар кишвар 5-6 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Аммо дар ҳолати коркарди босамар, тавре иқтисодшиносон иброз медоранд, аз як тонна пахта миқдори зиёди маҳсулоти нассоҷӣ, равған, маводи шустушӯйӣ, хӯроки серғизои чорво ва ғайра ба даст меоянд. Имрӯз харидори асосии пахта ва нахи он соҳибкорони хориҷӣ мебошанд, ки ширкатҳои нассоҷӣ доранд. Мо бояд худ аз пахтаву нахи он маҳсулоти ниҳоӣ истеҳсол намуда, аз манфиатҳои ин зироат, ки “тиллои сафед” унвон дорад, баҳравар шавем.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳ карда, коркарди ашёи хом, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзиро, махсус таъкид намуданд. Аз ин рӯ, хуб мешавад, ки дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ дар ноҳияҳои пахтакор дастбакор бошем, то ҳам маҳсулоти ниҳоӣ ба даст ояд ва ҳам ҷойҳои нави кор таъсис ёбанд.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,

“Ҷумҳурият”