Баргашт Чоп кардан

СУҒД. ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ РАЁСАТИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ

10-уми январ дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд ба истифода дода шуд. Бино аз 4 ошёна иборат буда, дорои ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз, ошхона, китобхона, маҷлисгоҳ ва толори варзиш мебошад.

Бинои нав дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст.

Ҳамзамон, дар саҳни бино Парчами давлатӣ бо сутунпояи 24-метра ва майдончаи варзишӣ низ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни ифтитоҳи бинои маъмурӣ таъкид намуд, ки бунёди чунин иншооти муосир нишонаи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони сохторҳои давлатӣ мебошад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад.

Кароматулло АТО, 

«Ҷумҳурият»