Сохтмони бинои нави беморхонаи марказии ноҳия низ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ буда, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ мегардад.
Дар шаҳраки Суғдиён сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад. Бо ба истифода додани кӯдакистон беш аз 240 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.
Ҳамчунин, дар шаҳраки Бӯстони ноҳия корҳои таъмиру навсозӣ дар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии №1 идома доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Мастчоҳ айни ҳол 12 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, бо бунёди иншооти нав фарогирии кӯдакон боз ҳам беҳтар мегардад. Сохтмони якчанд иншооти таъиноти гуногун идома дорад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»