Маҳдудияти барқ
Ин рӯзҳо афсона мешаванд...
Мо ҳамчун намояндаи насли нисбатан солор хуб медонем, ки Тоҷикистон ва халқи азизи он чи рӯзҳои пурваҳм, вазнин ва харобиовареро паси сар кард. Миллати мо такя ба хиради азалӣ кард ва ҷанги даҳшатбори таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронд. Бо ҷамъ омадан дар атрофи шаҳчароғи сиёсати дуруст ва сулҳбунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзи мунавварро сохт.
Аз ҷумла, ин танқисии барқ ва каму зиёд гардидани расондани ин манбаи рӯшноӣ низ гузаранда аст. Агар каме аз забонҳои хориҷӣ баҳравар бошему ба сархатти хабарҳои охири дунё бингарем, дар пешрафтатарин кишварҳои дунё масъалаи таъмини барқ камбуд дорад. Ҳатто чанде пеш калонтарин шаҳрҳои давлати Олмон қариб даҳ рӯз бидуни барқ монданд. Ба ин хотир, пеша кардани сабр ва дурандешӣ дар чунин рӯзҳо барои мо хеле муҳим аст.
Бинед, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш чи гуфтанд: “Мо мушкилоти мардуми шарифи Тоҷикистонро дар шароити маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ ба хубӣ медонем. Ин ҳолат аз як тараф, натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва тавре ки болотар гуфта шуд, зиёдшавии шумораи корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмуъ, афзудани истеъмоли неруи барқ ва аз тарафи дигар, таъсири камбориш омадани тирамоҳи имсола ва кам гардидани воридшавии об ба обанбори неругоҳҳои барқи обии мамлакат мебошад”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи моро хуб медонад ва пайи рафъи камбудиҳо аст. Ҳамин бас аст, ки ба ҷойи дар атрофи ин масъала ҳалқа задан, ба ҳалли масъалаҳои нисбатан муҳими ҷомеаи хеш пардозем. Дар ҳоле ки Ҳукумати кишвар бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо такя ба барқи обӣ накарда, балки пайи бунёди неругоҳҳои офтобӣ ҳастанд, ки хеле паёми хушест. Аз ҷумла, дар ин маврид изҳор дошта шуд: “Мо тасмим гирифтаем, ки дар давоми ду соли оянда бо ҷалби сармояи мустақим дар кишвар якчанд неругоҳи барқи офтобиро бо иқтидори умумии 1500 мегаватт мавриди истифода қарор диҳем”.
Дар вақти ироаи Паёми хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо умед ва дили пур гуфтанд: “Пас аз соли 2027 бебарқӣ афсона мешавад” ва мо ҳам бо эътимод ба фардои рӯшан ва дилу дидаи чароғони мардум мегӯем, ки, воқеан ҳам, ин рӯзҳо бо сабру шикебоии халқи мо ба афсона мубаддал мешаванд”.
Бибисаида МАНОНОВА,
омӯзгори Гимназияи хусусии “Кафолат”