Баргашт Чоп кардан

“Барселона” – барандаи Суперҷоми Испания

 

“Барселона” – барандаи Суперҷоми Испания

 

Финали Суперҷоми Испания миёни дастаҳои “Барселона” ва “Реал Мадрид” 11-уми январ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи “Барселона” анҷом ёфт.

Ҳисоб дар дақиқаи 36-уми бозӣ аз ҷониби ҳамлагари бразилии “Барселона” Рафиня кушода шуд. Дар дақиқаи 45+2-юми бозӣ Винисиус Ҷуниор ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 45+4-ум Роберт Левандовски гол зада, “Барселона”-ро ба пеш баровард. Пас аз 2 дақиқа Гонсало Гарсия ҳисобро мусовӣ намуд ва дастаҳо ба танаффус рафтанд.

Бозигари “Барселона” Рафиня дар дақиқаи 73-юми бозӣ голи ғалабаоварро зад. Ҳамин тариқ, соли дуюм пайиҳам дар финали Суперҷоми Испания “Барселона” дар Арабистони Саудӣ бар “Реал Мадрид” ғолиб омад.

Дар таърихи Суперҷоми Испания “Барселона” солҳои 1983, 1991, 1992, 1994, 1996, 2005, 2006, 2009, 2010, 2011, 2013, 2016, 2018, 2023, 2025 ва 2026 ғолиб шудааст, ки натиҷаи рекордӣ маҳсуб меёбад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”