“ҚИШЛОҚИ ТИЛЛОӢ”
Афсонае, ки дар даврони истиқлол ба ҳақиқат табдил ёфт
Ниҳоди Мирсаид Миршакар, чун фарзанди асили диёри кӯҳистон, бо мардум ва рӯзгори гузаштагон басо наздик буд. Ин аст, ки дар ашъори Шоири халқии Тоҷикистон ҳаёти муқаррарӣ ва орзуву ормонҳои мардуми одӣ, фаҳмишу одатҳои гузаштагон, ки низ чун ӯ дар миёни кӯҳҳои сарбаафлок мезистанд, бармало таҷассум гардидаанд. Дар исботи ин афкор метавон даҳҳо мисол овард, вале мо иктифо мекунем бар таҳлили яке аз достонҳои аҷиб ва дар ҳар давру замон муҳим, яъне талоши инсон баҳри ҳаёти нав, имрӯзи беҳтар аз дирӯз – “Қишлоқи тиллоӣ”, ки солҳои 1941–1942 навишта шудааст.
Мардуми Бадахшон, хусусан водии Шоҳдара, ки зодгоҳи шоир Мирсаид Миршакар асту дар байни кӯҳҳои азиму гардунрас доман густурдааст ва баъзе деҳаҳо дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, дар бунбаст қарор доштанд. Касодии рӯзгор ҳамвора тақозо менамуд, ки ҷавонон ба муҳоҷирати корӣ бираванд. Ҳарчанд водии Шоҳдара аз замонҳои қадим макони тилло ва санги қиматбаҳои лоҷувард маҳсуб меёфт, коркард ва ба даст овардани онҳо осон набуд. Зиндагии халқ ба талхӣ мегузашт, аз ин рӯ, орзую умеди мардум барои рӯзгори осоиштаву серу пур дар достони “Қишлоқи тиллоӣ” акси худро ёфтааст.
Он ҳикояте, ки дар достон омадааст, аз забони пири куҳансолу суханвар, хирадманд, вале дилреш ҳангоми падруд бо ҳаёт нақл мешавад. Пир дар вақти ҷавонӣ ба шикор меравад ва гузораш ба деҳае меафтад, ки ҳама шоду хуррам, зеро зиндагии бофароғат доранд, шоҳу гадо нест, ҳама баробар заҳмат мекашанд ва баробар аз подоши он ҳаловат мебаранд.
Аҷаб қишлоқ буд ӯ бе шабу шом,
Бувад “Қишлоқи тиллоӣ” ба
вай ном…
Дар достон омадааст, ки ҳикояти арзи вуҷуд доштани “Қишлоқи тиллоӣ” аз забон ба забон рафта, миёни мардуми Помир шуҳратёр мегардад. Бо гузашти солҳо ҷустуҷӯи чунин макони биҳиштмонанд ҳамоно орзу ва ормони мардум боқӣ мемонад. Шоир таъкид месозад, ки мардуми кӯҳистон аз вазнинии ҳаёт барои ободии рӯзгор ба муҳоҷират меравад, вале ҳамеша дар ёди Меҳан аст. Шоир ғояи воломақомии марзу буми аҷдодиро тараннум намуда, Ватанро васф менамояд.
Аз забони қаҳрамони достон оварда шудааст, ки Ватан он ҷое аст, ки дар он нони арзону беминнат, обу хоки аҷдодӣ аст. Қаҳрамони достон, ки замоне аз заҳмати зиёд дар шикоят буд, кунун белу каланди одии диёрро ёд мекунад ва ба хубӣ дарк менамояд, ки дар ҷустуҷӯи ҳаёти зебо набояд ба мамолики бегона рафт, балки бо ҳамон белу каланд метавон Ватани худро ба биҳишти рӯи замин табдил дод.
Мисоли ҳаётан басо муҳимро Мирсаид Миршакар ба қалам додааст, яъне Ватану ватандориро. Ин мавзуи ҳаётӣ дар ҳеҷ давру замон моҳияти худро гум намекунад, ҳам бо солҳои ҳаёти шоир ва ҳам бо вазъияти имрӯзи ҷаҳон тавъам мебошад. Интиҳои достон дарёфти «Қишлоқи тиллоӣ» дар диёри худ аст. Деҳаи як вақтҳо ҳузнангез, ба шарофати заҳмату сарҷамъӣ ба қишлоқи тиллоӣ, яъне макони ободу хуррам табдил ёфт. Шоир ба таъкид мегӯяд, ки набояд ба ҷустуҷӯи як бурда нон ба диёри бегона рафт, балки онро бибояд бо заҳматписандӣ дар зодгоҳи худ ба даст овард. Зеҳни солим, неруи бозуи одам сангистонро ба гулистон табдил медиҳад.
Хулосаи достон чунин аст, ки солҳо мардуми кӯҳистон дар гӯишҳои худ “Қишлоқи тиллоӣ”-ро, ки дар он зиндагии шоистаро медиданд, месуруданд, васф мекарданд, меҷустанд, вале ин қишлоқ дарёфт гардид, на дар саҳрову биёбон ва мамолики дигар, балки дар зодгоҳ, ба шарофати заҳмати мардум, якмарому якандеша будани халқ. Мирсаид Миршакар неруи муттаҳидиро ба неруи Хуршед баробар кардааст, ки ҳамеша ҷовиду мағлубнашаванда аст.
Дар достон орзуву ормон баҳри зиндагии шоиста ба қалам дода шудааст, ки имрӯз ин мавзуъ дар Паёму ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ пайваста муаррифӣ мегардад. Таъмини зиндагии шоиста – ин аст мароми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Агар Мирсаид Миршакар дар достон тасвири як қишлоқи тиллоиро намуда бошад, имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолии Ватан сокинони ҳама деҳаҳои кишвар зиндагии заррину чун тилло рӯшану сафобахш доранд. Бешубҳа, гуфтан метавон, ки имрӯз зодгоҳи Мирсаид Миршакар, водии овозадори Шоҳдара ба диёри тиллоӣ табдил ёфта истодааст. Он чизеро, ки Мирсаид Миршакар ва пеш аз ӯ аҷдодону авлодонаш ва кулли кӯҳистониён ормон доштанд, дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ гардид. Ноҳияи Роштқалъа бо бунёди Неругоҳи барқи обии “Себзор” чароғон аст ва аз ин бештар тиллоӣ хоҳад гашт.
Қишлоқи тиллоӣ орзуи ҳама халқи одӣ буд ва тавассути асари шоир Мирсаид Миршакар тасвир гардид ва имрӯз ба шарофати марди музаффарпеша, фарзанди барӯманди диёр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воқеияти рӯзгорони мардуми Тоҷикистон табдил ёфт.
Хосият ХУДОЁРБЕКЗОДА,
роҳбари намояндагии МД
“Телевизиони Сафина” дар ВМКБ