ПЕШВО
Ман ва эҳсоси фарзандӣ
Вақте ки ҳар сол паёмҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа мегарданд, мо шоду масрур мешавем, зеро дар онҳо масъалаҳои иҷтимоӣ, беҳбуд бахшидан ба тарзи зиндагии табақаҳои гуногуни аҳолӣ аҳамияти махсусу ҷиддӣ дода мешаванд. Ҳар сол барои баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои гуногун, нафақа, кумакпулиҳо тадбиру чораҳои мушаххасро роҳандозӣ менамоянд.
Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ омадааст: «Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳиму самарабахш амалӣ карда шуданд». Яъне, давоми солҳои 2015-2025 барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварамон 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.
Баҳри амалисозии дастурҳои Пешвои миллат дар давоми танҳо як соли охир кумитаи мо ҳар ҳафта ду маротиба рӯзҳои қабули шаҳрвандонро гузаронда, 138 муроҷиати хаттию шифоҳии шахсони ҳуқуқию воқеиро қабул ва баррасӣ кард. Ҳамчунин, барои иҷрои дастурҳое, ки дар Низомномаи Соли 2025– Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба сабт шудаанд, 6 семинари омӯзишӣ, 12 чорабинии тарғиботию ташвиқотӣ ва фарҳангӣ доир гардиданд. 5260 нафар фарзанди оилаҳои камбизоат дар истироҳатгоҳҳои вилоятию ноҳиявӣ ба истироҳати бофароғати тобистона фаро гирифта шуданд. 88 омӯзгору мураббӣ низ бо роҳхати имтиёзнок таъмин гашта, дар санатория ва фароғатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ саломатиашонро барқарор намуданд. Бисёр аъзои иттифоқи касаба кумакпулии яквақта гирифтанд.
Вобаста ба дастуру тавсияҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати содиқ будан ба ҳифзу манфиатҳои давлату ҷомеа, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватанпарастӣ, худогоҳӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми анъана, расму оин, ҳувияти миллӣ, арзишҳои ваҳдати миллӣ, ғояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, пешгирӣ кардани ҳар гуна таблиғоти фарҳанги бегона дар байни аъзои иттифоқҳои касаба ва коллективҳои меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботию ташвиқотӣ дар сатҳи баланд идома доранд.
Зафар АБДУҶАББОРЗОДА,
раиси Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони маориф ва илми ноҳияи Муъминобод