Баргашт Чоп кардан

ПАЁМ ВА ҶОМЕАИ МАЪРИФАТГУСТАР Аз нақши адабиёт то рисолати олимон

ПАЁМ ВА ҶОМЕАИ МАЪРИФАТГУСТАР

Аз нақши адабиёт то рисолати олимон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва роҳнамо ба ояндаи дурахшон шинохта шудааст.

Боиси ифтихор ва хушнудӣ аст, ки дар ҳар як Паём вобаста ба адабиёт ва нақши он дар рушди маънавии ҷомеа таъкидҳои муҳим сурат мегиранд. Сарвари давлат бо таваҷҷуҳ ба ин масъала адабиётро ҳамчун омили муҳими маърифатгустарӣ, таҳкимбахши фарҳангу истиқлоли миллӣ маънидод менамоянд. Аз таърихи пурғановати адабиёти тоҷик ёдовар шуда, адибони имрӯзаро барои сазовор шудан ба меросбарии ин ганҷинаи бебаҳо раҳнамун месозанд.

Дар Паёми навбатӣ низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши олимон, адибон ва фарҳангиёни кишвар дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ишора карданд. Яъне, ҳамкорӣ байни олимон ва зиёиён дар раванди таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза, махсусан дар замони ҷаҳонишавӣ, хеле муҳим аст.

Воқеан, агар ба таърих муроҷиат намоем, намунаҳои зиёде дорем, ки дар марҳалаҳои ҳассос олимон ва адибон сухани ҳалкунандаи худро гуфта тавонистанд, ки он ба манфиати миллӣ ҳал шудани масъалаҳо оварда расонд. Ба забони дарбор табдил ёфтани забони тоҷикӣ тавассути ашъори ширину шевои устод Рӯдакӣ, китоби рӯйимизии табибони ҷаҳон гардидани осори Синои ҳаким, чоп шудани “Намунаҳои адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ дар марҳалаи тақсимот, ба шиносномаи миллат табдил ёфтани “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров мисолҳое ҳастанд, ки суханҳои Пешвои миллатро тақвият мебахшанд.

Роҳбари давлат имрӯз аз мо – аҳли қалам чунин тавоноӣ ва ҷасоратро мехоҳанд, то дар замони зудтағйирёбандаи ҷаҳон арзиш ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳифз ва дар баробари ин, ҳамаи инро ба ҷаҳониён шоиста маррифӣ карда тавонем.

Албатта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ адибони мо дар мавзуҳои хотираи таърихӣ, қаҳрамонҳои миллӣ ва арзиши сулҳу субот асарҳои хуб офариданд ва эҷоди осори нав идома дорад. Дар баробари ин, чанд сол аст, ки дар мамлакат бо иқдом ва ташаббуси шахсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се Озмуни бузурги илмиву адабӣ – “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор мегардад. Ҳадаф ва мақсади асосии роҳандозӣ намудани ин иқдомотро худи Пешвои миллат чунин баён намуда буданд: “Хотирнишон месозам, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад”.

Воқеан, ин ташаббусҳои Президенти кишвар хеле муҳим ва саривақтӣ ҳастанд, зеро мо дар байни наврасону ҷавонон истеъдод ва дурдонаҳои хеле зиёд дорем. Барои пайдо ва кашф кардан, сайқал додани донишу маҳорати онҳо чунин як озмунҳои сатҳи баланд зарур буд, ки самараи онро аллакай дида истодаем.

Бахусус, вақте суханрониҳои иштирокчиёни Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро ба воситаи "ойинаи нилгун" тамошо мекунед, кас дар ҳайрат мемонад. Ба забони шево, бурро, бо таҳлил ва хулосабарориҳо баромад кардани онҳо, на танҳо, ҳамсолони онҳоро, ҳатто калонсолонро ба ваҷд меорад. Ё ин ки ба истеъдоди овозхониву ҳунарнамоии иштирокдорони Озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” танҳо офарин мегӯеду халос.

Ихтирооте, ки аз ҷониби иштирокчиёни Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” пешниҳодшударо дида, бо боварӣ метавон гуфт, ки дар кишвари азизи мо ташнагон ва меросбарони илм хеле зиёд ҳастанд.

Албатта, ҳамаи ин иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат дар тарбияи насли ояндасози худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанхоҳ нақши бориз доранд, ки онҳо дар оянда меросбар ва ҳимоятгари арзишҳои бойи илму адабу фарҳанги мардуми Тоҷикистон мегарданд.

Мехостам, ду ташаббуси дигари Президенти кишварро махсус қайд намоям. Аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ва ба ҳар як оилаи кишвар тақсим гардидани асари “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ намунаи дигари таваҷҷуҳ ба маънавиёт ва дурандешии Роҳбари давлат мебошад.

Ҳоло, ки тақсими “Шоҳнома” идома дорад ва ҳамчунин, имсол Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” баргузор мегардад, дар пайравӣ аз ташаббуси Пешвои миллат мо ҳам иқдом пеш гирифтем, ки порчаҳо аз достонҳои ин асари безаволро дар рӯзномаи “Халқ овози” ба забони ӯзбекӣ нашр намоем. Ва ин иқдом аз ҷониби хонандагони мо хуш пазируфта шуданд.

Ёқубҷон АБДУМАНОНЗОДА,

сармуҳаррири рӯзномаи “Халқ овози”, Корманди шоистаи Тоҷикистон