ТОҶИКИСТОН
Бехатарии киберӣ – омили муҳими рушди устувор
Дар асри XXI, ки техникаву технологияҳои рақамӣ ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти инсон гашта, ба тамоми соҳаҳо ворид шуда истодаанд, масъалаи бехатарии киберӣ муҳимияти аз ҳарвақта бештар касб мекунад. Ин масъала на танҳо дар самти ҳифзи маълумоти шахсӣ ва тиҷоратӣ, балки барои суботи иқтисодӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ муҳим дониста мешавад.
Ин буд, ки Сарвари давлат дар Паёми худ 30-юми декабри соли 2024 ба масъалаҳои пешбурди иқтисоди рақамӣ дар кишвар дахл карда, таъмини амнияти киберии махзанҳои маълумотро ҳамчун яке аз ҳафт самти муҳими дар панҷсолаи оянда пайгиришаванда арзёбӣ намуданд.
Ҳукумати кишвар, бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин самт як қатор корҳоро иҷро намуда истодааст, ки ба рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди устувори кишвар равона гардидаанд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас дар ҷумҳурӣ афзоиши босуръати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, кортҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои электронӣ, QR-кодҳо, савдои электронӣ, ҳукумати электронӣ, шаҳри бехатар ва дигар хизматрасониҳои рақамӣ мушоҳида мешаванд. Имрӯз соҳаҳои молия, иқтисод, тандурустӣ, маориф ва нақлиёт аз имкониятҳои иқтисоди рақамӣ фаровон истифода мебаранд. Дар мамлакат бо мақсади пешниҳоди рақамии хизматрасониҳои давлатӣ низоми ҳамгироии иттилоотии байниидоравӣ ташаккул ёфта, дар заминаи он аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ҷорӣ гардидааст. Ҳамаи ин пешравиҳо самараи сиёсати дурбинона ва ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои имрӯзу ояндаи дурахшони миллат роҳ мекушоянд. Аммо ин пешрафтҳо, ҳамзамон, хатарҳои нави киберӣ, аз қабили ҳамлаҳои ҳакерӣ, қаллобӣ дар интернет ва паҳншавии маълумоти бардурӯғро ба вуҷуд меоранд. Шумораи афзояндаи корбарони хизматрасониҳои онлайнӣ, пардохтҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ заминаи мусоидро барои фаъолтар шудани ҷинояткорони киберӣ фароҳам меоранд. Тавре коршиносон иброз медоранд, қаллобон пайваста усулҳои худро такмил медиҳанд ва айни ҳол, асосан, барои дуздидани маълумот ва маблағҳои шахсӣ аз ҳамлаҳои фишингӣ, муҳандисии иҷтимоӣ ва ғайра истифода мебаранд.
Тибқи арзёбии коршиносон, бахши молиявӣ ва махзанҳои маълумот яке аз объектҳои ҷаззобтарин ва осебпазиртарин ба ҳамлаҳои киберӣ мебошад. Чун имрӯз сохторҳои молиявӣ бо барномаҳои муосиртарини ҳифз ва мутахассисони баландихтисос таъмин мебошанд, ин ҷо шаҳрвандон ҳамчун мизоҷони сохторҳои молиявӣ ва шаҳрвандони одӣ ба гурӯҳи осебпазир дохил мешаванд. Бинобар ин, яке аз самтҳои калидии ҳифз – баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон дар бораи таҳдидҳои киберӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, гузарондани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тарзи шинохти мактубҳои фишингӣ, ҳифзи эътимодноки маълумот ва канорагирӣ аз истинодҳои шубҳанок аз ҷониби коршиносон муҳим дониста мешавад. Дигар самти муҳим ин ҳифзи махзанҳои маълумот аз ҳамлаҳои ҳакерӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини амнияти махзанҳои маълумот тадбирҳои мушаххас меандешад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъсиси сохторҳои махсуси назорат ва ҳифз аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошанд. Ҳамзамон, барои ҳифзи маълумот дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Ҳифзи маълумот» таъсис дода шудааст. Сохтори нав ба таъмини амнияти киберӣ дар низомҳои иттилоотӣ ва махзанҳои коркарди маълумот тамаркуз хоҳад кард. Ин Муассиса, инчунин, ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳн ва ҳимояи барномавии ҳифзи маълумотро (ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ) назорат менамояд.
Дурнамои бехатарии киберӣ дар Тоҷикистон умедбахш аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, барои таъмини амнияти иттилоотии кишвар тамоми чораҳоро меандешад, вале дар ин раванд нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоту корхонаҳо низ муҳим аст. Дар якҷоягӣ метавонем фазои маҷозии бехатарро барои рушди устувори Тоҷикистон ва ояндаи бехатар таъмин намоем.