Баргашт Чоп кардан

КОХИ БЕГАЗАНД

КОХИ БЕГАЗАНД

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар асари мондагори хеш “Шоҳнома” таъриху фарҳанг, панду андарзҳо, урфу одатҳои ниёгонамонро, қиссаву достонҳои асотириро пойдор гардонд.

Ин асари безавол моро аз гузаштаамон огоҳ сохта, намунаи беҳтарини достонҳои асотирӣ – қаҳрамонӣ – таърихӣ буда, аз шаст ҳазор байт, ки бе муболиға ҳамагӣ дурру гуҳаранд, иборат аст. “Шоҳнома” бузургтарин асари назмие мебошад, ки таърихи Ориёнро аз давраи қадимтарин сар карда, то асри VII дар бар мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бо кӯшиши тарҷумонҳои собитқадам ба забонҳои арабӣ, туркӣ, ӯзбекӣ, англисӣ, русӣ баргардон шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки “Шоҳнома” яке аз дурдонаҳои адабиёти ҷаҳонӣ мебошад ва бузургтарин ёдгории адабии инсоният аст.

Бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ нашр гардида, ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар хонадони тоҷикистониён тақдим гардид. Ин дуюмин туҳфаи беназири Сарвари давлат баъд аз китоби устод Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” мебошад.

Агар нек бияндешем, “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуровро метавон “Шоҳнома”-и насрӣ гуфт. Воқеан, устод Бобоҷон Ғафуров нисбат ба бузургии Абулқосим Фирдавсӣ чунин гуфта буданд: “Фирдавсӣ низ шараф ва ифтихори тамаддуни ҷаҳонӣ аст.”

Омӯхтани ин ду шоҳасар моро бо гузаштаи дурамон ошно сохта, барои хештаншиносӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ такон медиҳад. Пас, мардуми Ватани маҳбубамонро мебояд ба ин ду дастовези маънавии Роҳбари фарҳангпарвари давлат арҷ гузоранд ва гиромияшон бидоранд.

Насиба ЗОИРОВА,

корманди Осорхонаи Рӯдакӣ