Баргашт Чоп кардан

ПАЁМ Оғози марҳалаи нави рушд

ПАЁМ

Оғози марҳалаи нави рушд

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар ҳамаи соҳаҳо нақши калидӣ дорад. Дар тақвияти ин андеша чанд нафар аз намояндагони касбу кори гуногун ибрози назар намуданд, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

Алишер Раҳимзода,

директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон:

Президенти мамлакат дар Паём ба масъалаҳои рушди иқтисоди миллӣ, беҳтарсозии сатҳи зиндагии мардум, афзоиши шуғли ҷавонон ва дастгирии соҳаҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ карданд. Зикр гардид, ки ҷорӣ намудани ислоҳоти муосир, истифодаи технологияҳои нави истеҳсолӣ ва ҷалби сармоягузорӣ барои баланд бардоштани самаранокии иқтисоди миллӣ зарур аст. Ҳамзамон, сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун рукни муҳими рушди кишвар эътироф шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардондани фазои сармоягузориро тақвият бахшад. Ин тадбирҳо барои таҳкими иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум аҳамияти муҳим доранд.

Мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад. Дар робита ба ин, пешниҳод мегардад, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.

Дар маҷмуъ, Паёми навбатӣ таҳкими ҳамгироӣ, амният, рушди иқтисоди миллӣ ва иҷтимоиро таъмин намуда, Тоҷикистонро ба сӯйи ояндаи равшан ва устувор роҳнамоӣ мекунад.

Дониёр Сангинзода,

муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо оид ба илм ва таълими АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор:

Дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми солонаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва роҳнамои ислоҳоти ҳуқуқӣ, нақши муҳимро иҷро менамояд. Ислоҳоти ҳуқуқӣ раванди мураккаб ва бонизоми тағйиру иловаҳо дар низоми ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мустақилияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, содагардонии тартиботи мурофиавӣ, мутобиқсозии қонунҳои миллӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба сомон расонда мешавад.

Аз нигоҳи илми ҳуқуқшиносӣ Паёмро метавон ҳамчун шакли ҳуқуқии ҳуҷҷати стратегӣ тасниф кард, ки он нақши ҳамоҳангсозӣ байни шохаҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судиро иҷро намуда, кафолати иҷрои сиёсати ягонаи ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад. Паём ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ на танҳо ифодакунандаи дастурҳо мебошад, балки арзишҳои конститутсиониро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона будани Тоҷикистон, арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, тааллуқ доштани ҳокимияти давлатӣ ба халқ, баробарии шаҳрвандон сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, дин, мавқеи иҷтимоӣ, ҳифзи моликияти хусусӣ ва озодии фаъолияти иқтисодӣ тақвият мебахшад.

Кимиё Мирзозода,

мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод:

Соҳаи маориф дар паёмҳои Пешвои миллат мақому манзалати ба худ хосро касб кардааст. Тавре Сарвари давлат таъкид намудаанд: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям”. Ба андешаи Роҳбари давлат, соҳаи маориф асоси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар як давлати мустақилро ташкил медиҳад, зеро ҳамаи афроди ҷомеа танҳо баъди гузаштан аз зинаҳои гуногуни таҳсилот вориди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангу маориф, тиҷорат ва ғайра мегарданд. Аз ин лиҳоз, соҳаи маорифро метавон модари ҳамаи соҳаҳои дигар номид.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби тамоми кормандони соҳаи маориф бо шукргузорӣ аз фазои софу беғубори Ватан, дар фазои идона бо майлу рағбати зиёд шунида шуд ва ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат тасмим гирифтанд, ки барои таъмини рушд ва баланд бардоштани сифати таҳсилот бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ба тадриси хонандагон кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”