Баргашт Чоп кардан

Роҳҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон баррасӣ шуданд

ШАҲРИ ҲИСОР

Роҳҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон баррасӣ шуданд

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон мулоқоти намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва прокуратураи шаҳри Ҳисор бо фаъолон ва сокинони шаҳр баргузор гардид.

Муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз намуд, ки масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, аз ҳар кадоми мо таваҷҷуҳ ба ин масъаларо тақозо менамояд. Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону наврасон нишон медиҳад, ки аз ҷониби онҳо, асосан, содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ ва ғоратгарӣ зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.

– Дар шаҳри Ҳисор соли сипаригардида бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «деҳа ба деҳа», «мактаб ба мактаб», «масҷид ба масҷид» ва «хона ба хона», аксияву хонишҳои сиёсӣ ва дигар чорабиниҳо баргузор гардиданд. Новобаста аз чораҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон соли 2025 дар шаҳри Ҳисор 27 ҷиноят аз ҷониби 31 ноболиғ сабт шудааст. Таҳлилгарон сабаби ба ҷиноят даст задани ноболиғонро дар бемасъулиятии волидайни ноболиғону атрофиён ва бекор (бе машғулияти манфиатнок) мондани онҳо маънидод менамоянд, – иброз намуд Сироҷиддин Каримзода.

Тибқи маълумоти суди шаҳри Ҳисор соли гузашта барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд нисбати 236 нафар волидон протокол тартиб дода шуда, аз онҳо дар маҷмуъ, 168 552 сомонӣ ҷарима ситонда шудааст.

Сардори шуъбачаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар шаҳри Ҳисор, майори милитсия Оят Ҷабборзода иброз намуд, ки дар шаҳри Ҳисор 140 муассисаи таълимӣ фаъолият карда, дар онҳо 90589 нафар таҳсил менамояд. Соли 2025 аз тарафи кормандони шуъба вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон 290 мулоқоту суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд.

Муовини сардори раёсати кор бо ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ зикр намуд, ки тибқи таҳлилҳо як суҳбату мулоқот метавонад камаш як ё ду ҳафта дар зеҳни инсон боқӣ монад. Аз ин рӯ, баргузории чунин вохӯриҳо бо фаъолони ҷомеа, падару модарон ва хонандагон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа муфид аст.

Дар мулоқот, инчунин, муовини прокурори шаҳри Ҳисор Шоҳрух Раҷабзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Фаррух Аловиддинов, мудири шуъбаи маориф Ҳусниддин Сангинзода ва сархатиби шаҳри Ҳисор Азалшо Шарифзода, суханронӣ карда, пешниҳод намуданд, ки барои тақвияти корҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон, маорифу фарҳанг ва ходимони дин таъсис дода шавад.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Ҷумҳурият»