Баргашт Чоп кардан

МОИ “СУҒД” Боз як корхонаи нав бунёд хоҳад шуд

МОИ “СУҒД” Боз як корхонаи нав бунёд хоҳад шуд

 

Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва ширкати чинии коркард ва бандубасти биринҷ оид ба бунёди корхонаи нав ба мувофиқа расиданд. Аслан, ҳамкории минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо иттиҳодия ва ширкатҳои чинӣ ҳанӯз аз соли нахустини таъсисёбӣ ба роҳ монда шудааст, ки имрӯз фаъолияти босамар дошта, ба ҳар ду ҷониб манфиати хуби молиявӣ меоварад.

Дар арафаи фарорасии соли нави 2026 гурӯҳи соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии намояндагони соҳаи саноат хонум Сужи ва хонум Чжун Хебей бо мақсади шиносоӣ аз фаъолият, имконият ва имтиёзҳои махсус ба МОИ “Суғд” омаданд. Ҳайати меҳмононро роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммад Муҳаммадзода хуш пазируфта, ба онҳо доир ба фаъолияти минтақа, афзалиятҳо, имконияту имтиёзҳо ва мавқеи ҷойгиршавии мусоид, ки ба мамлакатҳои ҳамсоя наздикӣ дорад, маълумот дод.

Дар навбати худ, намояндаи корхонаи коркард ва бандубасти биринҷ ҷаноби Фейда Ҷитуан оид ба фаъолияти корхонаи худ маълумоти муфассал пешниҳод кард. Рӯшан гашт, ки корхонаи мазкур иқтидори бузурги бандубасти биринҷро дар халтаҳои полиэтилении махсус роҳандозӣ мекунад.

Бо назардошти он, ки дар Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд, шолипарварӣ сол ба сол рушд ёфта, масоҳати зиёдеро ишғол мекунаду бо афзоиши аҳолӣ талабот ба ин намуди маҳсулот хеле зиёд аст, ҳамкорӣ дар ин самт ба ҳар ду ҷониб муфид мебошад. Ҷонибҳо таъсиси корхонаи коркард ва бандубасти биринҷро дар ҳудуди МОИ “Суғд” қобили қабул донистанд.

Ҳамчунин, роҳбарияти маъмурияти МОИ “Суғд” сармоягузорони чинӣ ва ширкатҳоеро, ки самти фаъолияташон ба истеҳсоли батарея ва панелҳои офтобӣ равона аст, ба ҳамкорӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак даъват карда, оид ба шароити хуби муҳайёшуда маълумот доданд.

Ҷовиди АШТӢ, рӯзноманигор