РВКД ҷинояти 25 сол пешро ошкор кард
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷинояти одамрабоиеро ошкор кард, ки 25 сол қабл аз ҷониби гурӯҳи муташаккили яроқбадаст содир шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳодисаи одамрабоӣ субҳи 21-уми январи соли 2000 дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55-и шаҳри Душанбе рух дода, гумонбарон шаҳрванд Манучеҳр Шарифовро, ки он замон дар синфи 9 таҳсил мекард, маҷбурӣ ба мошин савор карда, ба қароргоҳи худ, воқеъ дар деҳаи Тангаии болои Ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бурдаанд.
Ин ҷиноят бо дастури Худойназар Одинаев аз сӯйи ҳаммаслаконаш Абдулҳақ Самадов, Ривоҷиддин Одинаев ва дигар аъзои гурӯҳ (сокинони шаҳри Ваҳдат), бо ангезаи хусумати шахсӣ ва бо мақсади ба даст овардани маблағ содир шудааст.
Бар асоси гузориши РВКД дар шаҳри Душанбе, айни ҳол вобаста ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шуда, яке аз гумонбарон – Абдулҳақ Самадов дастгир ва дигар аъзои гурӯҳ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”