Дуздони як манзили истиқоматӣ дастгир шуданд
Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе ҷавони 19-сола ва ноболиғи 17-солаеро дастгир карданд, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешаванд.
Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ дод, ки гумонбарон 9-уми январи соли 2026 бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии як сокини шаҳри Душанбе ворид шуда, аз он ҷо 20 ҳазор сомонӣ дуздидаанд.
Феълан аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”