Баргашт Чоп кардан

Татбиқи дастурҳои Пешвои миллат моро ба саодат мерасонад

ПАЁМ

Татбиқи дастурҳои Пешвои миллат моро ба саодат мерасонад

Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ (16.12.2025) “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», сухани як рӯз набуда, балки сухани роҳ аст – роҳест, ки Тоҷикистонро ба рушди устувор, амнияти иҷтимоӣ ва пешрафти ҳамаҷониба мебарад.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат эълон гардидани соли 2026 – Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун иқдоми муҳими давлатӣ арзёбӣ гардид. Ин ташаббус ба вусъат бахшидани бунёдкорӣ, рушди инфрасохтор, ободонии шаҳру деҳот ва таҳкими худшиносии миллӣ равона шудааст.

Иқтисоди миллӣ – пояи истиқлолият ва пешрафти ҷомеа

Рушди иқтисоди миллӣ дар меҳвари Паёми навин қарор дорад. Пешвои миллат бо таъкид изҳор намуданд, ки таҳкими истиқлолияти давлатӣ бе иқтисоди устувору рақобатпазир ғайриимкон аст. Дар ин замина, саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи стратегӣ муайян гардида, рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар шароите, ки ҷаҳони муосир бо буҳронҳои молиявӣ ва занҷираҳои ноустувори бозор рӯ ба рӯ аст, такя ба иқтидори дохилӣ ва истеҳсоли ватанӣ аҳамияти ҳаётӣ пайдо мекунад. Бо овардани далелҳои возеҳ таъкид гардид, ки солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфта, садҳо корхонаҳои нав ба фаъолият шуруъ намуданд, ки ин раванд на танҳо барои таъсиси ҷойҳои нави кор, балки ба паст намудани сатҳи вобастагӣ аз воридот ва содироти маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд. Иқтисоди миллӣ бояд ба неруи пешбарандаи давлат ва кафили истиқлолияти воқеӣ табдил ёбад.

Кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ – масъалаи стратегӣ

Аз ироаи Паём маълум гардид, ки соҳаи кишоварзӣ дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мавқеи калидӣ дорад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки амнияти озуқаворӣ яке аз унсурҳои муҳими амнияти миллӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина, истифодаи самараноки замин ва захираҳои обӣ, ҷорӣ кардани усулҳои муосири агротехникӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа муайян гардиданд.

Рушди соҳаи пахтапарварӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ метавонад на танҳо талаботи бозори дохилиро қонеъ намояд, балки имконияти рушди содиротро низ фароҳам оварад. Дар ин раванд илм ва таҷриба бояд нақши ҳалкунандаро бозанд. Ба таври хулоса метавон гуфт, ки амнияти озуқаворӣ аз заҳмати деҳқон ва сиёсати дурандешона оғоз меёбад.

Иҷтимоиёт – инсон дар меҳвари сиёсати давлат

Паёми навбатӣ бори дигар собит намуд, ки сиёсати иҷтимоии давлат бар пояи ғамхорӣ ба инсон бунёд ёфта, зиндагии шоистаи ӯ дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дорад. Пешвои миллат масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, музди меҳнат, нафақа ва ҳифзи иҷтимоиро бо такя ба имкониятҳои воқеии иқтисоди кишвар баррасӣ намуда, таъкид доштанд, ки натиҷаи рушду пешрафти давлат бояд ба беҳбуди зиндагии ҳар як шаҳрванд оварда расонад. Изҳори бовар карда шуд, ки дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ин равиш эътимоди мардумро ба давлат тақвият бахшида, суботи иҷтимоиро таъмин месозад. Давлат ҳамон вақт қавист, ки агар шаҳрвандаш худро орому эмин эҳсос мекунад.

Экология: масъулият дар назди табиат ва наслҳо

Дар Паём масъалаҳои экологӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири амнияти миллӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷойгоҳи устувор ва афзалиятнок дорад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки рушди иқтисодӣ бе назардошти омилҳои экологӣ наметавонад дарозмуддат ва устувор бошад, зеро иқтисоди кишвар то андозае ба захираҳои табиӣ, бахусус об, замин ва энергетикаи обӣ, вобаста аст. Дар Паём масъалаи мувозинат байни рушди саноат, кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист ба таври возеҳ матраҳ гардид.

Пешвои миллат афзоиши обшавии босуръати пиряхҳо, камшавии захираҳои обӣ ва зиёдшавии офатҳои табииро ҳамчун таҳдидҳои воқеӣ барои амнияти экологии кишвар арзёбӣ намуданд. Оқибатҳои манфии ифлосшавии муҳити зист, камшавии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим метавонанд ба ноустувории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ оварда расонанд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат зарурати таҳияи барномаҳои давлатӣ, таҳкими назорати экологӣ ва татбиқи қонунгузории соҳавиро таъкид карданд.

Дар маҷмуъ, Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамчун рӯнамо ва ҳуҷҷати мукаммали стратегӣ, тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар ва ҷомеаро фаро мегирад. Он дар асоси факту далелҳои воқеӣ роҳи минбаъдаи рушди Тоҷикистонро муайян намуда, ҷомеаро ба тафаккури созанда, худшиносии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузории фаъол дар татбиқи сиёсати давлат ҳидоят менамояд. Паём барои ҳар як шаҳрванд даъват ба амал, барои ҳар як мутахассис дастури кор ва барои ҳар як ҷавон паёми умед ба ояндаи дурахшон аст.

Сайрамбӣ ИБРОГИМОВА,

омӯзгори кафедраи биохимияи ДМТ