Баргашт Чоп кардан

Масъулияти омӯзгорон меафзояд

Паём

Масъулияти омӯзгорон меафзояд

Мо, омӯзгорон, ҳар сатри Паёмро бо диққат хонда, муҳтавои онро ба донишҷӯён шарҳ медиҳем, то ки онҳо ҳам дар омӯзиши илму ҳунар ва ҳам дар ҳаёт пешрав бошанд. Дар Паём вазифаҳои омӯзгорон мушаххас зикр ёфтаанд, аз ҷумла моро зарур аст, ки таваҷҷуҳи асосии донишҷӯёнро ба он нигаронем, ки соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гашт. Ҷавононро талқин месозем, ки китобҳои «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосими Фирдавсиро, ки ба ҳар оила аз ҷониби Пешвои миллат туҳфа шудаанд, бихонанд то ки худ ва ниёгони бошарафи хешро бишносанд. Донанд, ки суханони шоистаи «пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» аз ниёгони онҳо ба аҳли дунё мерос мондааст ва имрӯз аҳамияти онҳо аз тилло ҳам гаронбаҳотар аст. Бояд дар ин сол донишҷӯён тамоми нақшаҳои илмиву амалии худро бахшида ба истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки Ҷашни воқеан бузурги миллӣ аст, сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намоянд. Дар дигар соҳаҳо низ ҳар фарди бовиҷдон, бедордил, худогоҳу худшинос, меҳандӯст, масъулиятшинос, бофарҳанг вазифаи худро ба таври шоиста сомон бахшад.

Донишҷӯёни имрӯза фардо барои кор ба муассисаҳои илмию фарҳангӣ, таълимиву тарбиявӣ, китобхонаҳо роҳхат мегиранд ва онҳо аз нафароне ба ҳисоб мераванд, ки дар тарғибу ташвиқи муҳтавои Паём бояд парчамбардор бошанд. Барои он ки онҳо бо дониши мукаммал мусаллаҳ бишаванд, роҳбарияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар раванди таълиму тарбия ба омӯзиши забон, фарҳанг, санъат, таърих, фалсафа, сиёсат, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ, фарҳанги муошират, эҳтироми қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо ширкати олимону шогирдон маҳфилҳо, семинарҳо, намоишҳо созмон дода, ба ташаккули худшиносии донишҷӯён мусоидат мекунанд.

Пешвои муаззами миллат дар Паём иброз доштанд: «Ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстии онҳо ифтихор мекунем». Шукрона, ки ҳамаи донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода сазовори ин баҳои баланди Сарвари давлат буда, имрӯз аз дирӯз беҳтару бештар дар омӯзиши илму ҳунар, сухандонию суханварӣ, нақшофарӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ саъю кӯшиш доранд. Ҷавонони илму касбдӯст аз он худро насли хушбахт мешуморанд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ зиёд муассисаҳои миёнаву олии касбӣ, фарҳангиву ҳунарӣ бунёд ёфтанд, ки ояндаи наздик ҷойи кори онҳо мегарданд. Махсусан, донишҷӯёни риштаи ҳунару санъат аз он ифтихор доранд, ки бо супориши Сарвари давлат дар пойтахти кишвар бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллӣ бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд шуда истодааст ва Ҳукумат бо вазоратҳои дахлдор бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Ҷашнҳои Сада, Наврӯзи бостонии байналмилалӣ, Тиргону Меҳргон ҳар сол бо ширкати васеи донишҷӯёну дастпарварони Донишкадаи мо дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе, маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ҳатто дар шаҳраку деҳот хотирмон сурат мегиранд ва дар шинохту муаррифии мероси таърихии тоҷикон нақши муҳим мегузоранд. Дар иҷрои ҳамаи корҳои фарҳангию маърифатии мо Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури раҳнамост.

Раъногул ИМОМАЛИЕВА,

омӯзгори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода,

номзади илмҳои фалсафа, дотсент