ҲАСАД
Агар хоҳед сактаи дил нашавед...

Равоншиноси австриягӣ Волфганг Губер тайи панҷ сол дар мавзуи “Кадом ҳиссиёт ба бемории мо гунаҳкор аст?” тадқиқот гузаронд. Ӯ дар ин муддат тарзу усули зиндагии 2000 нафар шахсони синну сол ва касбу корашон гуногунро мушоҳида карда, кортҳои тиббӣ ва ҷавобҳои онҳоро ба пурсишҳо омӯхта, муайян намуд, ки ҳасад эҳсоси аз ҳама бештар ба саломатӣ зараровар ба шумор меравад.
– Ҳасудон нисбат ба дигарон панҷ маротиба бештар ба сактаи дил гирифтор мешаванд. Ин ҷо шахсоне дар назаранд, ки ҳасад маънию мазмуни ҳаёташон гардидааст, – хулоса менамояд Губер.
Файласуфи нидерландӣ Бенедикт Спиноза ҳасадро “як навъ норозигӣ аз дидани хушбахтии дигарон” номидааст.
Мутаассифона, имрӯз ин эҳсоси басе хатарафзо дар ҷомеа зиёд ба назар мерасад. Кам касонеро мебинем, ки аз комёбӣ, пешрафт ва рушду камолоти дӯстон, ҳамкорон ва ҳатто хешовандон холисонаю самимона хушнуд шуда, муборакбод гӯянд. Баръакс, иддае мансаб, сарват, хушбахтии оилавӣ ва комёбии дигаронро дида, дарунӣ месӯзанд ва дар дил хоҳони барҳам задани пешрафту хушбахтии онҳо мешаванд.
Эй кош, онҳо ба ҷойи дар дил парвардани чунин ҳиссиёти шайтонӣ дар фикри рушду камолоти хеш мешуданд. Масалан, варзишгарон дар андешаи зиёд кардани тамрин ва гӯш додан ба тавсияҳои мураббӣ; ҳунармандон ба андешаи такмили маҳорат ва хидмат ба устод; забономӯзон дар фикри бештар аз ёд кардани луғат; кишоварзон дар ғами истифодаи бештари нуриҳои органикӣ ва риояи киштгардон мешуданд. Вале онҳо ба ҷойи такмил додани маҳорати худ дар фикру васвасаи монеа шудан ба пешрафти дигарон мешаванд. Чунин эҳсосот хобу хӯр ва роҳатро аз одамони ҳасадбаранда дур месозад.
Дар дини мубини ислом ҳасад бурдан ба дигарон гуноҳи кабира шумурда мешавад. Чунончи, дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) таъкид шудааст. “Ба якдигар ҳасад набаред, аз якдигар рӯй нагардонед, балки эй бандагони Худо, бо ҳам бародар бошед!”.
Ҳасудӣ шахсро на танҳо муваффақ намегардонад, балки ӯро ғамбемор месозад. Ӯ ҳаёти худро намебинад. Заҳролудии ҳасад дар он аст, ки он имкониятҳои ҳасадхӯрро барои хушбахту муваффақ шуданаш фурӯ мебарад.
Бояд ҳар яки мо ба қадри он чизе, ки дар ихтиёр дорем, бирасем. Бинобар ин, набояд ғамгин шавем, ки дигарон соҳиби обрӯву молу сарват шудаанд.
Беҳтар он аст, ки аз комёбии дигарон шод шавему аз роҳи ба комёбӣ расидаи онҳо пайравӣ кунем.
Сайфиддин Суннатӣ, “Ҷумҳурият”