Баргашт Чоп кардан

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Ҳифзи ИНСОНИЯТ АСТ

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Ҳифзи ИНСОНИЯТ АСТ

Дар даҳсолаҳои охир тағйирёбии иқлим ба яке аз мушкилоти калидии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Гармшавии глобалӣ, афзоиши партови газҳои гулхонаӣ ва тағйироти шадиди равандҳои табиӣ ба мувозинати экосистемаҳо таъсири ҷиддӣ расонда, амнияти обӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳоро зери хатар қарор додааст. Яке аз пайомадҳои нигаронкунандаи ин раванд обшавии босуръати пиряхҳо мебошад, ки ҳамчун ҷузъи муҳими криосфера ва сарчашмаи асосии оби тоза нақши ҳалкунанда доранд.

Таҳлили равандҳои муосири иқлимӣ нишон медиҳад, ки сабаби асосии обшавии пиряхҳо баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво мебошад. Ин раванд бо афзоиши партови газҳои гулхонаӣ, буридани ҷангалҳо, ифлосшавии ҳаво ва истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ алоқаманд аст. Фаъолияти антропогении беандешона суръати тағйироти иқлимро афзоиш дода, устувории криосфераро коҳиш медиҳад. Дар натиҷаи ин равандҳо ҳаҷми пиряхҳо кам шуда, қобилияти танзими захираҳои обро суст мекунад. Ин вазъ ба соҳаҳои калидии иқтисод, аз ҷумла энергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамин тавр, обшавии пиряхҳо ба масъалаи амнияти миллӣ ва минтақавӣ табдил меёбад.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор дорои захираҳои бузурги пирях буда, зиёда аз 6 фоизи қаламрави онро пиряхҳо ташкил медиҳанд. Қариб 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад, ки манбаи асосии ин обҳоро пиряхҳо ташкил медиҳанд. Мутаассифона, дар даҳсолаҳои охир беш аз ҳазор пирях дар кишвар комилан об шудааст, ки ин далели осебпазирии муҳити табиӣ дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад.

Коҳиши пиряхҳо метавонад ба камшавии захираҳои об, пастравии ҳосилнокии кишоварзӣ, мушкилоти таъмини неруи барқ ва афзоиши хатарҳои иҷтимоӣ оварда расонад. Дар чунин шароит Тоҷикистон на танҳо ҳамчун кишвари дорои захираҳои об, балки ҳамчун субъекти фаъоли сиёсати байналмилалии обу иқлим баромад менамояд.

Мавриди зикр аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ гардид. Қабули қатъномаи Маҷмаи умумии СММ аз 14-уми декабри соли 2022 дар бораи эълон гардидани Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян шудани 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳони пиряхҳо далели эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аҳамияти ин масъала мебошад. Ин ташаббусҳо ба ҳамоҳангсозии сиёсати экологӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи технологияҳои муосир мусоидат менамоянд. Тоҷикистон бо ин иқдом пиряхҳоро аз мавзуи маҳдуди илмӣ ба масъалаи сиёсати ҷаҳонӣ табдил дод.

Тағйирёбии иқлим хусусияти фаромиллӣ дошта, ҳифзи пиряхҳо танҳо дар доираи як давлат имконнопазир аст. Ҳамкории байналмилалӣ, таҳияи меъёрҳои умумиқабулшудаи ҳуқуқӣ ва татбиқи механизмҳои мониторинг шарти асосии ҳалли ин мушкилоти глобалӣ мебошад. Созмонҳои байналмилалӣ дар таҳкими ҳамкории илмӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим мебозанд. Дар ин раванд, масъулияти умумибашарӣ тақозо менамояд, ки ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ, дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад.

Таҳлили равандҳои муосир нишон медиҳад, ки обшавии босуръати пиряхҳо яке аз нишонаҳои асосии ноустувории низоми экологии сайёра мебошад. Пиряхҳо ҳамчун омили калидии амнияти обӣ, рушди устувор ва суботи иҷтимоӣ аҳамияти стратегӣ доранд. Дар шароити Тоҷикистон, ки манбаи асосии оби минтақа ба шумор меравад, коҳиши пиряхҳо метавонад пайомадҳои ҷиддии экологӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ ба бор орад.

Хулоса, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо намунаи сиёсати дурбинона ва масъулияти ҷаҳонӣ мебошанд. Танҳо тавассути сиёсати ҳамгиро, рушди таҳқиқоти илмӣ, истифодаи «технологияҳои сабз» ва баланд бардоштани маърифати экологӣ метавон устувории захираҳои обӣ ва амнияти экологии наслҳои имрӯз ва ояндаро таъмин намуд.

Дилором АБДУЛЛОЗОДА,

донишҷӯйи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии ДМТ