ВАҚТЕ БАРОИ ДИЛ МЕНАВИСӢ...
Ё чӣ тавр ба зиндагӣ шефта бимонем?
Китоби “Восхищение жизнью” (“Ирфон”) аз он ҷиҳат ҷолибу хонданӣ аст, ки онро муаллиф Зафар Мирзо бо хулосаи таҷрибаҳои бисёрсола ва бо фармони дил навиштааст. Озодӣ дар кори эҷодӣ дар ҳар варақи китоб рӯшан аст. Вақте кас на барои ин ё он ҳадаф, ё барои пеш овардани даъвии нависандагӣ хома ба каф мегирад, албатта, самараи кор сабаби пайдоиши ғояҳои аҷиб, саволҳои ангезанда, посухҳои ғайриинтизор ва ҷустану ёфтани моҳияти ҳастӣ мегардад.
Ростӣ, аз ин кор хеле хушам омад ва доштани чунин дафтареро барои ҳар тоҷики соҳибдил ҳатмӣ медонам ва бояд аз замони мактабхонӣ ба фарзандонамон омӯзем, то дафтари вижаи ёддоштнависӣ дошта бошанд. Агарчи ҳама дафтарҳои андешарезаҳои мо ҳаққи китоб шудан ё то ба мағзу шуури мардум (ҷомеа) расидан надоранд, аммо ба тарбияти худи мо ва хулосабарориҳои оянда дар шинохти зиндагӣ хеле судманд хоҳад буд. Ҳамин кори хуҷастаро Зафар Мирзо ба сомон расондааст, аммо доираи афкори ӯ фаротар аз масъалаҳои рӯзмарра рафта, ба муаммоҳои бузурге, ба мисли дониш, илм, мантиқ, фалсафа, ҳастишиносӣ ва маънои асли зиндагӣ мепардозад. Дар баъзе мавқеъҳо ӯ агар як пурсишгар аст, дар баъзе мавқеъҳо хулосабарориҳои ҷиддӣ ва ниҳоӣ дорад.
Агар шоирона бигӯем, китоб боғи гулҳоро мемонад, даста-даста гулҳои андеша ва афкор моро вомедорад, то ба чидани онҳо, ба шамидани маъниҳо ва ба тамошои вожаҳо бинишинем. Китоб ба забони русӣ аст, аммо мағзи он ҳамоно ташаккул додани муҳаббат ба ҳаёт ва падидаҳои он аст. Гирумони гуфтор, пиндор ва расидан ба асли масъалаву муаммоҳо ва ҷустани посухҳо ба пурсишҳои садсолаҳо хайёмона сурат мегиранд.
Дар боби нахуст мавзуъҳои шахсият ва шахсиятсозӣ, кистии шахсияти муосир, зиндагидӯстдорӣ, ҷаҳонбинӣ, афкори танқидӣ, кунҷковӣ дар ашё ва кайҳон, маънавият, маънии зиндагӣ, қаноматмандӣ аз ҳаёт ва толеъ, зиндагии пурмазмун, худинкишофбахшӣ ва хирадмандӣ муъҷаз ва бо суханони кӯтоҳ ба таҳлилу баррасӣ меоянд.
Бавижа, ин ҳадаф дар ин гуфта равшан аст: “Ба мо донишҳои бо илм тасдиқёфта чӣ медиҳанд? Ҳадди ақал фикрронии танқидиро ташаккул дода, неруи равониро таҳким мебахшад. Ва ин ҷараён ба он оварда мерасонад, ки хатоҳо дар баровардани қарорҳои муҳим кам шуда, самараи корҳои мо аҳамият пайдо намояд”.
Дар боби дигар “ягона воситаи пешрафти ҷомеа боз ҳам дар неруи ахлоқ хулоса мешавад”. Ин ҳақиқати бебаҳс буда, ба ҷамъияти мо сахт дархӯр аст, зеро адами ахлоқ моро ба қафо мебарад. Ахлоқ, яъне чӣ? Ахлоқ ба маънии одоб, рафтор ва гуфтори ҳамида хулоса нашуда, балки маънии ба ҳаққу ҳуқуқ ва ҳастии дигарон имон овардан аст. Яъне, як шаҳрванд бояд донад, ки эҳсоси дӯст доштани зиндагӣ ва беҳтар зистан ҳар қадар дар равони ӯ пурқувват аст, ин қувват ӯро ба мубориза мехонад, ҳамон қадар дигарон ҳам чунин эҳсос ва талошро доранд ва месазад, ки муборизаи гуногуни онҳо ҳам дар хубу хуш зистан эътироф ва эҳтиром шавад.
Муаллиф ягона роҳи ба поён овардани ҷангҳои пайвастаро дар се падида мебинад, ки ҷолиб аст: эҳтиром, зебоӣ ва самимият. Ростӣ, маҳз ҳамин се унсури одамсоз камчин шуда ва мо ниёз дорем, ки онҳоро бозгардонем. Вақте эҳтиром нест, дар касеву чизе зебоиро намебинем, чашмонамонро парда мегирад ва бо чашмони баста наметавон самимӣ ва якрӯй буд.
Маориф ва арзиши зиндагӣ дар идомаи китоб аз пурбини андешаи муаллиф мегузаранд. Яке аз навиштаҳои пуртаъсири ин бахш таваҷҷуҳи бесобиқа ба маориф аст. Зафар Мирзо масъалаи ҳаракати дирӯзиён ва баракати имрӯзиёнро чунин шарҳ медиҳад: “Зинда будани ниёкони мо аз он фаҳмида мешавад, ки оё маориф зинда аст!?”.
Вақте насли имрӯз мехоҳад дар ояндаи наздик ё дур ба некӣ ёд шавад, албатта маорифи устувор ва дар таҳаррукро аз худ мерос мегузорад, вагарна даргумон аст, ки ёд шавад. Чунки имрӯзиён маҳз бо чароғи дирӯзиён ба роҳи фардо мераванд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”