16-уми январ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия як қатор тағйироти кадрӣ анҷом доданд.
Ба вазифаи муовини якуми сардори Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа ва вазифаҳои роҳбарӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии сохторҳои қудратии мазкур кадрҳои ҷавону варзида, дорои тахассуси олӣ ва далеру ватандӯст таъин гардиданд.
Ҳамчунин, ба вазифаи комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Шаҳристон кадрҳои таҷрибадори ин соҳа таъин шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ҳолати омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои низомӣ ва сохторҳои дигари номбурдаро дар робита ба авзои минтақа ва ҷаҳон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар назди ҳар яке аз ин ниҳодҳои низомӣ ва ҳифзу таъмини сулҳу оромӣ вазифаҳои муайян гузоштанд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳифзи сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна сарҳадшиканӣ, бахусус сарҳадшикании мусаллаҳона ва қочоқи аслиҳаю маводи мухаддир, таҳкими омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, забономӯзӣ, аз худ кардан ва истифодаи лавозимоту техникаи муосири ҷангӣ, гузарондани машқу тамринҳои пайваста то истифода аз имконоти таҷҳизоти идорашавандаи фосилавӣ ва риояи қонунияту оинномаҳои соҳавӣ, зоҳир гардид.
Таъкид шуд, ки муносибат бо сарбозону кормандон бояд мисли муомила миёни аъзои оила бошад, то ки эҳсоси дӯстиву бародарию ҳамдигарфаҳмӣ байни хидматчиёни ҳарбӣ ва роҳбарони воҳидҳои низомӣ устувор гардад.
Дастуру тавсияҳои дигар доир ба иҷрои босифати масъулиятҳо дар ҳар яке аз сохторҳои номбурда дода шуданд.