Зимни мулоқоти котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитсзюн ҳамкории Тоҷикистону Чин дар самти амният ва таҳкими суботи минтақавӣ баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо зарурати густариши муносибатҳоро дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳо, таъкид сохта, ба аҳамияти ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои дахлдор ишора карданд.
Дар Искандаркӯл иншооти муосири сайёҳӣ сохта мешавад
Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ дар мавзеи сайёҳии Искандаркӯл, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ, бо ташаббуси соҳибкорон сохтмони иншооти наву замонавии соҳаи сайёҳӣ оғоз ёфт.
Маросими гузоштани санги асоси иншоот бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор шуд.
Иттилоъ доданд, ки маркази хидматрасонӣ ва меҳмонхона дар масоҳати 1,08 гектар бунёд мегардад. Лоиҳа сохтмони се бинои сеошёнаи хидматрасонӣ, панҷ бинои якошёна, таваққуфгоҳ, майдончаи варзиш, тарабхона, қаҳвахона, маконҳои сайругашт, майдончаи бозии кӯдакон ва дигар инфрасохтори заруриро дар бар мегирад.
Баррасии масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Олмон
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Ҳамрализода бо мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс мулоқот намуд.
Ҷонибҳо доир ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, гидроэнергетика, сайёҳӣ, танзими чорабиниҳои муштарак дар шаҳрҳои Душанбе ва Берлин гуфтугӯ карданд.
Афзоиши шумораи нафақагирон дар кишвар
Соли гузашта шумораи нафақагирон дар Тоҷикистон 40 ҳазору 516 нафар ё 4,8 дарсад зиёд гашта, то 1-уми январи соли 2026-ум 877 ҳазору 206 нафақагир ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа зимни ҷаласаи солонаи худ маълумот дод.
Аз 1-уми сентябри соли гузашта, дар баробари маошу стипендия, ҳаҷми нафақа ҳам зиёд гардид. Аз ҷумла, нафақаи суғуртавӣ аз 463 ба 509 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ аз 584 ба 641 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ аз 328 ба 362 сомонӣ афзуд.
Дар Зафаробод 20 ҳазор бех ниҳол шинонда мешавад
Зимни маъракаи ниҳолшинонӣ, ки 10-уми январ оғоз ёфт, масъулон вазифадор гардиданд, ки корҳои ободониву сабзкориро тақвият бахшанд.
Сокинони ноҳия барои сарсабзу хуррам ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист тасмим гирифтаанд, ки дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок намуда, дар ободонию хуррамгардонии диёр саҳми арзанда гузоранд.
Бояд гуфт, ки соли 2024 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гашт ва тибқи он, дар марҳалаи якум (солҳои 2025 – 2027) бояд беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонда шавад.
Ҳамоиши илмӣ ба ифтихори бонуи суханвар Робияи Балхӣ
Бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии аввалин бонуи суханвари адабиёти тоҷику форс Робияи Балхӣ ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор шуд.
Ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода таҷлили 1050-солагии Робияи Балхиро давоми сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тақвиятбахшии худшиносии миллӣ арзёбӣ намуд.