Баргашт Чоп кардан

БО ХУРОФОТ ҶОМЕА ПЕШ НАМЕРАВАД


(Илҳом аз Паёми Президенти мамлакат аз 16-уми декабри соли 2025)


Дар Паёми солонаи хеш ба Парлумон ва мардуми кишвар Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари дигар нукоти муҳим ва сарнавиштсоз барои пешрафти кишвар, боз ба як нуктаи басо ҳассос таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.


Сарвари давлат бо таъкид иброз доштанд, ки «бо хурофот ҷомеа пеш намеравад» ва дарки амиқи ин андеша барои имрӯз ва фардои миллат аҳамияти калидӣ дорад. Роҳбари давлат ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, таъкид сохтанд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд.
«Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Барои дарки амиқи ин масъала моро мебояд аввал худи мафҳуми «хурофот»-у «хурофотпарастӣ», хусусан хурофоти диниро шарҳ дод ва сипас, роҳҳои пешгирии онро дар ҷомеа, бахусус байни насли наврас, аз дабистон то макотиби олӣ матраҳ намуд.
«Хурофот» вожаи арабӣ буда маънои «ақида ва фикрҳои пучу беасос»-ро дорад ва онҳое, ки аз чунини ақоид пайравӣ мекунанд, хурофотпарастанд. Дар бофти динӣ хурофотпарастӣ, одатан, ба мафҳуми «ифротгароӣ», яъне аз ҳадди эътидол гузаштан, сахт марбут аст. Аз ҳадди эътидол гузаштан бо ақоиди пучу беасос, аслан, дар он ҳолат рух медиҳад, ки сарчашмаҳои аслӣ ва азалии динӣ ва равобиту мутобиқати онҳо бо шароити замони муосир ва пазириши пешрафти улуми дақиқ сарфи назар мегардад. Сарчашмаҳои аслии дини мубини ислом, пеш аз ҳама, Қуръони маҷид ба шумор меравад, ки онро мусалмонон тули таърихи зиёда аз 1400 сол тавассути макотибу мазоҳиби расман қабулшуда, бо назардошти замону макони зиндагии хеш тафсиру таъвил кардаанд. Аммо дар ин миён гурӯҳҳо ва ақоиди дигаре ҳам рӯйи кор омаданд, ки дар тафсири сарчашмаҳои аслии ислом бо ақоиди пучу беасос зиёдаравӣ карданд.
Дар ин ҷода саволе ба миён меояд, ки чӣ бояд кард, то пеши роҳи паҳншавии хурофотпарастӣ ва ифротгароии диниро гирифт? Пайдо намудани посухи амиқу самаранок кори чандон саҳл нест ва он ниёз ба табодули афкор, таҳлил ва пешниҳод кардани роҳҳои мушаххасро дорад. Бояд тазаккур дод, ки Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои хело назаррасро дар ин ҷода анҷом додаанд. Аз суханони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус Паёми ба тозагӣ ироагаштаашон, илҳом гирифта, банда бар он ақидаам, ки яке аз роҳҳои самаранок, вале вақтталаб ин ташкилу пиёда намудани таълимоти дурусти динӣ дар асоси ғояҳои фарҳангию мазҳабии миллати тоҷик дар макотибу донишгоҳҳои кишвар мебошад. Ин пуружа метавонад се марҳаларо дар бар гирад. Дар марҳалаи аввал, аҳли зиё бояд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, Вазорати маориф ва илм, Маркази исломӣ ва намояндагони мазҳабҳо гирди ҳам омада, як барномаи таълимоти диниро омода созанд. Барномаи таълимӣ бояд исломро аз нигоҳи таърихӣ, фарҳангӣ ва башарӣ ҳамчун як воситае муаррифӣ намояд, ки дар рушди тамаддуни башарият, пешрафти илму ҳунар саҳмгузорӣ кардааст. Мисолҳоро метавон аз Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Абурайҳон Берунӣ ва дигар бузургони миллат овард. Ҷанбаи таърихӣ ва тамаддунии барномаро метавон бо мисолҳо аз дастовардҳои илмӣ, фарҳангӣ, санъати меъморӣ, хушнависӣ (калиграфия) ва дигар намунаҳои ҳунар дар даврони сулолаҳои абарқудрати мусалмонӣ қавӣ гардонд, аз қабили сулолаҳои Умавиён, Аббосиён, Фотимиён, Сомониён, Ал-Андалус, Усмониён ва даврони баъдӣ. Аз ҷумла, бояд таъкид сохт, ки дар аҳди Аббосиён дар шаҳри Бағдод мактаби тарҷумонӣ таъсис ёфта буд, ки дар он олимони барҷастаи мусалмон асарҳои фалсафии олимони Юнони Қадимро ба забони арабӣ тарҷума намуданд. Имрӯз дунё китобҳои Афлотун, Арасту ва дигар файласуфони машҳурро маҳз аз тарҷумаҳои арабӣ, ки баъдтар ба дигар забонҳои аврупоӣ баргардон шуданд, медонанд.
Ҳамчунин, барнома бояд ҷанбаҳои ахлоқии исломро тараннум намояд, яъне чӣ гуна дар Қуръон ва аҳодиси Паёмбар кори хайр, талош барои адолат ва ҳақиқат, эҳтиром гузоштан ба инсон ва шаъну шарафи ӯ, садоқат ба Ватан ва миллат тавсиф мешавад. Ҳамзамон, барнома бояд ҷанбаҳои динӣ, яъне шариати исломиро аз диди мазоҳиби ҳанафӣ ва исмоилӣ ва мутобиқсозии онҳо бо шароити имрӯзаро дар бар гирад. Бояд таъкид гардад, ки адои воҷиботи динӣ набояд аз рӯйи тақлид, тарс ва маҷбурият сурат бигиранд, балки бо дарки амиқи маонии он амалӣ шаванд. Ҳамчунин зарур аст, ки дар ин бахш хонандагонро аз зиёдаравӣ дар дин, зоҳирпарастӣ ва хурофотпарастӣ огоҳ намуд. Аз маънои аслии оёти Қуръон ва аҳодис тавассути тарҷумаҳои тоҷикӣ бохабар бошанд. Тарҷумаи тоҷикии Қуръони шариф бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси ҷомеа аст. Бояд мазмуни оётро дарк карда, аз асбоби нузул, яъне сабабу шароитҳои нозил шудани онҳо бохабар бошанд, зеро ҳар як сура ва оят, ки ба Паёмбар дар асри VII милодӣ нозил мешуд, пеш аз ҳама, баёнгари авзои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳамон замон буд.
Билохира, ин барномаи мукаммали омӯзиши дин бояд бо усулҳои муосири таълимӣ ва педагогикаи инноватсионӣ тадрис гардад. Бояд тазаккур дод, ки педагогикаи инноватсионӣ усулҳои эҷодкоронаи таълимро дар бар мегирад, ки аз лексияҳои анъанавӣ фарохтар рафта, хонандагонро фаъолтар месозад, фаҳмишро беҳтар мекунад ва малакаҳои амалӣ барои ҳаёти воқеиро инкишоф медиҳад. Он равиши омӯзишро пайгирӣ карда, ба иштироки фаъолонаи хонандагон, усулҳои гуногуни таълим, истифодаи самараноки технологияи муосир такя мекунад. Дар ин раванд, малакаҳои калидии хонандагон аз қабили тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ, ҳамкорӣ ва муошират рушд мекунанд.
Китобҳои дарсие, ки дар асоси ин барнома омода мегарданд, бояд мутобиқ ба синну сол ва дарки зеҳнии кӯдакон бошанд. Зарур аст, ки дар ҳар як синну сол кӯдакон тавонанд дониши худро сайқал дода, маҳорати фикрронӣ, саволдиҳӣ ва баҳсро касб намоянд. Дар ин росто, метавон аз таҷрибаҳои пешқадами замони муосир истифода намуд.
Дар марҳалаи дуюм, яъне вақте ки барномаи таълимӣ бо китобҳо ва дастури муаллимон омода гашт, зарур аст, ки аз ҳисоби муаллимони улуми инсонӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат як гурӯҳи махсусро интихоб намуда, онҳоро дар курсҳои шашмоҳа фаро гирифт, то бо матн, ғояҳо ва педагогикаи таълими барномаи динӣ шинос шаванд. Дар идомаи курси такмили ихтисос зарур аст якчанд мактабро интихоб кард ва дарсҳоро ба таври озмоишӣ (пилотӣ) пеш бурд. Хулосаҳо ва пешниҳодҳои дарсҳои озмоишӣ барои такмили матн ва педагогикаи барнома хеле зарур мебошанд. Илова бар ин, дар ин марҳала метавон бо волидон ва муаллимон низ дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар семинарҳо ташкил намуд, то онҳо тавонанд бо матн ва ҳадафи барномаи таълимӣ шинос шаванд. Ҳамкории муаллимону волидайн дар тадрис ва тарбияи муштараки хонандагон хеле муҳим аст. Ҳамзамон, зодмандон низ дар ин раванд бо барномаи таълимӣ шинос мешаванд ва дониши худро дар бораи мафҳуму моҳияти таърихӣ ва фарҳангии дин сайқал медиҳанд.
Марҳалаи сеюм ин роҳандозӣ намудани барномаи таълимӣ дар тамоми макотиби ҷумҳурӣ мебошад. Ин барнома бояд, дар баробари дигар фанҳои гуманитарӣ, ҳамчун як дарси ҳатмӣ барои хонандагон пешниҳод гардад. Барои самаранок пеш бурдани ин пружаи ниҳоят муҳим мебояд тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус аҳли зиё, ходимони мазҳабӣ, ниҳодҳои ваколатдори давлатӣ, мактабҳо ва оила гирди ҳам омада, дар якҷоягӣ барои таълиму тарбияи насли навраси солим кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар интиҳо ҳаминро бояд зикр кард, ки авзои пурпечутоби замони муосир аз мо тақозо дорад, ки мубориза бо хурофот ва ифротгароиро ҳадафи аслии хеш қарор дода, дар эъмор ва пешрафти як ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳмгузор бошад, зеро адами чунин таълимоти дурусти динӣ боиси пайдоиши вакуум ё холигие дар афкори ҷомеа мегардад, ки онро ақоиди бегона ва ифротгаро метавонанд ба осонӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоит пур кунанд.


Моҳира САНГМАМАДОВА, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият»