Баргашт Чоп кардан

АШТ. ТАҚВИЯТИ БУНЁДКОРИҲО


Бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ба ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом дода, як қатор иншооти иҷтимоиву инфрасохториро ифтитоҳ ва аз рафти татбиқи лоиҳаҳои муҳими давлатӣ боздид намуд.

Зимни сафар намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва масъулони соҳаҳои дахлдор ҳамроҳӣ карданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси ноҳия, дар маркази ноҳия – шаҳраки Шайдон маркази стоматологӣ дар назди беморхонаи марказии ноҳия ба номи Истамқул Ҳасанов ба истифода дода шуд. Ин марказ бо ташаббуси зодаи ноҳия Шаҳбоз Ҳусейнбоев бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ таъсис ёфта, барои аҳолӣ хизматрасониҳои босифати тиббӣ пешниҳод менамояд ва 4 ҷойи кор муҳайё кардааст. Ҳамчунин, дар деҳаи Хиштхонаи Ҷамоати деҳоти Понғоз пули нави нақлиётӣ ва пиёдагардон бо дарозии 14 метр ва паҳноии 6 метр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин иншоот бо ташаббуси сокинон ва соҳибкорону муҳоҷирони маҳаллӣ бо харҷи зиёда аз 736 ҳазор сомонӣ бунёд гардид.
Дар идомаи сафар аз рафти татбиқи лоиҳаи “Неругоҳи офтобии фото-электрикии Ашт – 250 МВт” боздид ба амал омад. Лоиҳа дар масоҳати беш аз 793 гектар замин бо арзиши 150 миллион доллари ИМА то моҳи августи соли 2026 амалӣ мешавад. Дар корҳои сохтмонӣ наздики 600 нафар, асосан, сокинони маҳаллӣ, ба кор ҷалб мегарданд. Татбиқи ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо сармоягузори маҳаллӣ ҶДММ “Аён Энерҷӣ”, паймонкор ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж” ва ширкати чинӣ амалӣ гардида, ба таъмини устувори неруи барқ, рушди иқтисоди маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”


ШАҲРИСТОН. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШ БО ҶАВОНОН
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон дар МТМУ №1-и ноҳия бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон мулоқот баргузор гардид. Вохӯрӣ ба масъалаҳои идеологӣ ва тарбияи миллӣ бахшида шуд.
Муовини раиси ноҳияи Шаҳристон Дилноза Ҷонбойзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Боймурод Муҳиддинов ва намояндагони дигар сохторҳои давлатӣ дар бораи аҳамияти Паёми Пешвои миллат ва амалишавии ҳидоятҳои он суханронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии вохӯрӣ тарғиби муҳтавои Паём, пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, коҳиш додани ҷинояткорӣ, ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ, ҳамчунин, ҷалби падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон мебошад.
Иштирокчиён, инчунин, масъалаҳои пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, омӯзондани духтарон ба оиладорӣ, гиромӣ доштани фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва ободкориро низ мавриди баррасӣ қарор доданд. Чунин вохӯриҳо дар муассисаҳои дигари ноҳия низ идома хоҳанд ёфт.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”