Баргашт Чоп кардан

ФУТБОЛ


Тими наврасони Тоҷикистон бар АМА ғалаба кард
Дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар бозии дуюми дӯстона дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар шаҳри Дубай бар тими наврасони Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:0 пирӯз гашт.
Голи ягонаи дастаи моро бозигари тими «Барқчӣ» Муҳаммад Мираҳмадов зад.
Ёдрас мекунем, ки футболбозони наврасони мо 13-уми январ тими наврасони Арабистони Саудиро мағлуб карда буданд.


ФУТЗАЛ
Тими миллии футзали кишвар дар Ҷакарта ду бозии санҷишӣ анҷом дод
Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 (27-уми январ – 7-уми феврал, Индонезия) дастаи миллии футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Ҷакарта ду бозии санҷишӣ анҷом дод.
Дар бозии якум футболбозони Тоҷикистон аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуданд. Дар ҳайати дастаи мо Насратшо Исмоилов як гол зада, як автогол ба қайд гирифта шуд.
Дар бозии дуюми санҷишӣ мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Индонезия бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Голҳоро Идрис Ёров, Самандар Ризомов ва дарвозабон Фирӯз Бекмуродов заданд.
Тими миллии Тоҷикистон бозии охирини санҷишии худро дар доираи машқҳои дастаҷамъӣ дар шаҳри Ҷакарта 20-уми январ бо мунтахаби Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Ӯзбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) рақобат менамояд.


ҶУДО
Муваффақияти паҳлавонони навраси кишвар дар Красноярск
16-18-уми январ дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия Мусобиқаи байналмилалии ҷудо миёни наврасон доир гашт.
Дар Мусобиқа беш аз 1500 варзишгари 15 минтақаи Россия, инчунин, паҳлавонон аз Тоҷикистон, Чин ва Муғулистон ширкат доштанд.
Ба иттилои клуби ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф”, дастаи мо дар ин Мусобиқа сазовори 7 медал гашт. Аз ҷумла, Бинёмин Нахришоев, Халид Маҳмадбеков, Зайд Абдураҳмонзода дар вазнҳои худ соҳиби медали тилло, Аҳмад Имомов сазовори медали нуқра, Сомон Турсунзода, Муслим Азимов, Юсуф Азимов ва Шаҳром Сатторов соҳиби медали биринҷӣ шуданд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”