Баргашт Чоп кардан

Гузориш аз ҷаласаи навбатии шурои Маҷлиси намояндагон


19-уми январ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии шурои Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар ҷаласа як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаҳои қонунҳо «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуд.


Таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки кишоварзон ва олимони соҳа дар мавзуи «Таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва чорабиниҳо оид ба коҳиш додани он дар истеҳсолоти хоҷагиҳои кишоварзӣ» машғулияти омӯзишӣ доир гашт.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар машғулияти омӯзишӣ масъалаҳои мутобиқсозии истеҳсолоти кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои обу замин, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва коҳиши таъсири омилҳои манфии иқлим баррасӣ шуд.


Дар деҳаи Пандовчӣ толори варзиш бунёд мешавад
Бо мақсади иҷрои ҳадафҳои Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, дар деҳаи Пандовчии деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод толори варзиши муосир бунёд карда мешавад.
Корҳои сохтмонӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинон, ҷавонон ва шахсони саховатпеша идома дорад. Сохтмони толор моҳи октябри соли гузашта оғоз гардида, дар арафаи Ҷашни миллӣ ба истифода дода хоҳад шуд.


Дар Душанбе Симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Ҷойгоҳ ва арзиши тамаддуни ориёӣ дар таърихи умумибашарӣ – аз дирӯз то имрӯз» Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар Симпозиум донишмандону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ масъалаҳои гуногуни марбут ба таҳқиқи осори тамаддуни ориёиро баррасӣ намоянд.
Баргузории Симпозиум дар робита ба дастури Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ дар назар аст.


Бадахшон: ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия баргузор шуд
Дар ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди МИМҲД Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаи гузарондани санҷишу таҳлили таъмини иҷрои "Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дар марҳалаи якум (солҳои 2021-2025) баррасӣ гардид.


7 медали хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи фаннии Жаутиков
Хонандагони тоҷик дар XXII Олимпиадаи байналмилалии фаннии Жаутиков аз фанҳои математика, физика ва информатика – «IzhO-2026» дар Қазоқистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд.
Тоҷикистонро дар ин олимпиада 4 даста, иборат аз 28 хонанда, намояндагӣ намуда, дар натиҷаи рақобати илмии сатҳи баланд, миёни 16 кишвар ва 605 нафар иштирокдор сазовори 7 медал: 1 тилло аз фанни физика, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ аз фанни математика гардиданд.