Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаб ва печидаи солҳои 90-уми асри ХХ истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Нооромию низоъҳои сиёсию низомии ин давра ба иқтисодиёт, ҳаёти иҷтимоӣ ва махсусан ба соҳаи маорифи мамлакат, зарари ҷиддӣ расонданд. Ин вазъ боиси пастшавии сатҳи таълиму тарбия, суст гардидани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва маҳдуд шудани имконияти рушди соҳа гардид.
Бо баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ба сари қудрат омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (он замон Раиси Шурои Олӣ) марҳалаи нави эҳё ва суботи давлатдорӣ оғоз ёфт. Маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Дар чунин шароити бисёр душвори иҷтимоию иқтисодӣ раванди навсозӣ ва ислоҳоти соҳаи маориф ва низоми таълиму тарбия оғоз гардид. Ташаббускори ин ислоҳот Пешвои миллат буданд, ки маорифро ҳамчун омили калидии эҳёи давлат ва рушди ҷомеа муайян намуданд. Ҳанӯз соли 1992 бо қарори Раёсати Шурои Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуоти даврӣ интишор гардид. Ин Қонун соли 1993 қабул шуда, ба санади асосии танзимкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф табдил ёфт.
Сарфи назар аз мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоии он солҳо, аҳли маорифи мамлакат бо раҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат ба татбиқи амалии муқаррароти Қонуни мазкур оғоз намуданд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ ва мактабҳои олӣ фаъолият мекарданд. Бо вуҷуди ин, дар соҳаи маориф, бахусус дар самти омӯзиши фанҳои бунёдӣ, мушкилоти ҷиддӣ ба назар мерасид. Норасоии барномаҳои муосири таълимӣ, мутобиқ набудани муҳтаво ба талаботи замон ва манфиатҳои миллӣ, инчунин, заъфи шаклу усулҳои таълимӣ ба раванди пешрафти соҳа монеъ мешуданд. Донишҷӯёну хонандагон на ҳамеша имкони татбиқи донишҳои азхуднамуда ва рушди қобилияти эҷодии худро пайдо мекарданд, ки ин зарурати ислоҳоти куллии низоми маорифро тақозо менамуд.
Аз ибтидои солҳои 90-ум ислоҳоти ҳамаҷонибаи соҳаи маориф оғоз гардид, ки дар саргаҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд.
Ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат ҳамчун омили калидии наҷоти миллат, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа эътироф гардида, ба пешрафту комёбиҳои назаррас ноил шуд. Таъкиди бархе аз ин дастовардҳо мувофиқи мақсад мебошад:
Яке аз воситаҳои асосии танзими соҳаи маориф санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (се маротиба бо тағйиру иловаҳо) аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳо мебошад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии рушди маорифро муайян намуда, сохтори низоми маориф, принсипҳои танзиму идоракунӣ, ваколат ва самтҳои фаъолияти мақомоти соҳаро муқаррар месозад ва барои таҳияи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Соли 2025 қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», инчунин, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумат ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии соҳа шаҳодат медиҳад.
Аз соли 2001 болоравии ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф ба таври назаррас мушоҳида мешавад. Агар соли 2001 маблағгузории соҳа 60 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2025 он ба беш аз 10,9 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки 21,1 дарсади буҷети давлатиро дар бар мегирад. Бешак, ин рақамҳо аз афзалиятнок будани соҳа дар сиёсати иҷтимоии давлат гувоҳӣ медиҳад.
Таҳсилоти томактабӣ дар рушди зеҳнӣ, равонӣ ва ҷисмонии кӯдак нақши калидӣ дошта, заминаи омодасозии ӯро ба таҳсилоти минбаъда фароҳам меорад. Ҳоло дар мамлакат 744 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият намуда, 114 ҳазор кӯдакро фаро мегирад. Илова бар ин, дар назди 1771 муассисаи таҳсилоти умумӣ марказҳои инкишофи кӯдак таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо 49 332 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Масъалаи таъмини кадрии муассисаҳои томактабӣ низ тадриҷан ҳалли худро ёфта, ҳоло дар ин муассисаҳо 5969 мураббӣ фаъолият менамоянд, ки аксари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли таҳсили 1991 – 1992 дар мамлакат 3229 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият намуда, шумораи хонандагон 1 миллиону 325 ҳазору 400 нафарро ташкил медод. Дар соли таҳсили 2024 – 2025 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 4037 ва шумораи хонандагон ба 2 миллиону 357 ҳазору 100 нафар (аз ҷумла, 1 миллиону 142 ҳазору 500 нафар духтар) расид. Нишондиҳанда аз афзоиши 808 муассиса ва зиёда аз як миллион хонанда дар давраи соҳибистиқлолӣ шаҳодат медиҳад.
Бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир ва талаботи ҷаҳонӣ яке аз самараҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Агар то соли 2000 дар ҷумҳурӣ танҳо як муассисаи таълимии президентӣ фаъолият мекард, имрӯз нуҳ мактаби президентӣ ва шаш литсейи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат фаъол мебошанд.
Бо мақсади дарёфт, дастгирӣ ва рушди истеъдодҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сеюми июни соли 2014 «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» тасдиқ гардид. Тибқи талаботи Барнома, дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис ёфта, заминаи муназзами ташкилию методӣ барои кор бо хонандагони болаёқат фароҳам оварда шуд. Натиҷаи татбиқи самараноки сиёсати давлатии дастгирии истеъдодҳо дар дастовардҳои назарраси хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ифода меёбад. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2024 – 2025 дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 241 нафар медали тилло, 501 нафар медали нуқра ва 2182 нафар медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Солҳои охир бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф ва илм як қатор санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ қабул ва татбиқ гардиданд.
Дар ин замина ҳоло дар ҷумҳурӣ 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи чордаҳ самт ва зиёда аз 300 касбу ихтисос тайёр намудани кадрҳои коргариро ба роҳ мондаанд. Ба ҳолати понздаҳуми сентябри соли 2025 дар ин муассисаҳо 28 312 хонанда (аз ҷумла, 7 898 духтар) таҳсил менамояд.
Татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъсиси муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкасб шудани ҷавонон дар солҳои охир натиҷаҳои назаррас ба бор овард. Имрӯз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо кадрҳои дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин гардида, қисми муайяни мутахассисон барои фаъолияти меҳнатӣ ба хориҷи кишвар низ сафарбар мешаванд, ки ин нишондиҳандаи рақобатпазирии кадрҳои миллӣ мебошад.
Яке аз комёбиҳои муҳими соҳаҳои маориф ва илми мамлакат дар давраи соҳибистиқлолӣ таъсиси Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илм аст. Ин ниҳод дар татбиқи сиёсати давлатии рақамикунонии низоми маориф нақши калидӣ бозидааст.
Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат гузариш ба низоми кредитии таҳсилот ҳамчун талаботи замон ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонии соҳаи таълиму тарбия муайян гардида, тадриҷан ба роҳ монда шуд. Дар ин замина, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз солҳои 2010 – 2012 марҳала ба марҳала ба низоми кредитии таҳсилот гузаштанд, ки он барои баланд бардоштани сифати таҳсил, ҳаракатпазирии академӣ ва ҳамгироии низоми таҳсилоти миллӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мусоидат намуд.
Бо мақсади боло бурдани сифати таълим, омода кардани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин, фароҳам овардани имконият барои идомаи таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дуюми ноябри соли 2007 «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» қабул гардид. Дар натиҷаи татбиқи ин Барнома дар 42 давлати хориҷӣ (Осиё, Африқо, Аврупо ва Амрико) 42400 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 12808 духтар ба таҳсил фаро гирифта шуд, ки ин нишондиҳандаи равшани ҳамгироии таҳсилоти миллӣ ба фазои байналмилалӣ мебошад. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар давраи истиқлоли давлатӣ марҳалаи рушди босуръатро паси сар намуданд. Агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ сездаҳ муассисаи таҳсилоти олӣ бо фарогирии 69300 донишҷӯ (23 600 духтар) фаъолият менамуд, пас, соли 2025 шумораи онҳо ба 48 муассиса расида, донишҷӯён 214500 нафарро ташкил медиҳад.
Дар баробари таъсиси муассисаҳои нави таҳсилоти олӣ, ифтитоҳи филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии пӯлод ва хӯлаи Москва, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ва филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе аз иқдоми муҳими Пешвои миллат маҳсуб мешавад. Бо дастгирии Сарвари давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ 74 бинои маъмурӣ ва таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамчунин, бо мақсади таъмини донишҷӯёни минтақаҳои дурдаст бо ҷойи зист 20 хобгоҳи замонавӣ сохта ва навсозӣ шуд.
Солҳои охир низ ҷиҳати рушди соҳа як қатор фармон, амр ва қарорҳои муҳими давлатӣ ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми сентябри соли 2020 «Дар бораи таъсиси Шурои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳо оид ба стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳо, зиёд намудани ҳаҷми стипендияҳо, инчунин, “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021 – 2025” ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷумлаи санадҳои калидӣ ба ҳисоб мераванд.
Ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» тасдиқ гардиданд.
Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр намудани мутахассисон дар кишварҳои хориҷӣ аз иқдоми муҳим ва саривақтӣ дар самти рушди захираҳои инсонӣ ба шумор меравад. Дар доираи маблағҳои ин Фонд ҳамасола теъдоди муайяни шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии бонуфузи давлатҳои хориҷӣ фиристода мешаванд. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми маблағгузории Фонд сол ба сол афзоиш меёбад. Бо ин мақсад, соли 2008 Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис ёфта, тибқи он шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар зинаҳои гуногуни таҳсил – бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура, ординатура, докторантура ва коромӯзӣ ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар сафарбар карда мешаванд.
Бо мақсади таҷдиди низоми қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таъмини шаффофияту адолат дар раванди имтиҳонҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми марти соли 2008 МД «Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Фаъолияти Марказ тибқи оиннома ба ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) равона гардида, дар амал ҷорӣ намудани низоми ягона ва одилонаи қабулро таъмин кард.
Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат китобҳои арзишманди миллӣ, аз ҷумла «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, дастраси ҳар оилаи мамлакат шуданд. Ин иқдом барои боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ ва ҷаҳонбинии таърихии ҷавонон аҳамияти бузург дорад.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040 ҳамчун падидаи муҳими сиёсати давлатӣ дар самти рушди илму маориф ба ҳисоб меравад. Ин иқдом ба тақвияти тафаккури илмӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди иқтисоди донишбунёд нигаронда шудааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ маҳз бо дастгирии Пешвои миллат дар соҳаи маориф ва илм як қатор навгонию иқдоми муҳим амалӣ гардиданд, аз ҷумла: таъсиси Ҷоизаи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф; гузариш аз низоми панҷбала ба низоми даҳбалаи баҳодиҳӣ; таъсиси Маркази «Зан-Сарвар» барои донишҷӯдухтарони лаёқатманд; таъсиси марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла «Конфутсий» ва «Русский мир»; таъсиси мактаб-интернатҳо барои таълим ва нигоҳубини кӯдакони ятим; роҳандозии марказҳои корҳои беруназдарсӣ барои интихоби касб; ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ; таъсиси фонди иҷораи китобҳои дарсӣ; татбиқи низоми таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) дар соҳаи маориф.
Таҳлили ҳамаҷонибаи раванди ташаккул ва рушди соҳаи маориф ва илм дар давраи соҳибистиқлолӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ин соҳа ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатии мамлакат табдил ёфтааст. Бо роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти фарогир ва марҳалавӣ дар ҳама зинаҳои низоми таҳсилот амалӣ гардида, барои рушди устувори захираҳои инсонӣ заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва моддӣ-техникӣ фароҳам оварда шуд. Дар ин давра бо қабули қонунҳо, стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низоми маориф ба талаботи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд, ки ба болоравии сифати таҳсилот, шаффофият ва самаранокии идоракунӣ мусоидат намуд. Ҳамзамон, густариши ҳамкории байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои таҳсил дар хориҷ, таъсиси Фонди махсус ва Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» имконият фароҳам овард, ки ҷавонони лаёқатманд дар муассисаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таҳсил намуда, ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар рушди мамлакат саҳм гузоранд. Ин раванд ба ҳамгироии низоми таҳсилоти миллӣ бо фазои ҷаҳонии маориф мусоидат карда, нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро дар арсаи илму маориф тақвият бахшид.
Таваҷҷуҳи махсус ба рушди инфрасохтори таълимӣ, таъмини муассисаҳо бо биноҳои замонавӣ, хобгоҳҳо, паркҳои технологӣ, озмоишгоҳҳо ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин, нашр ва дастрас намудани адабиёти таълимӣ, барои беҳтар гардидани муҳити таълим ва таҳкими пояҳои илми донишгоҳӣ нақши муҳим бозид. Иқдом дар самти таҳкими худшиносии миллӣ, аз ҷумла дастрасу оммавӣ гардондани осори арзишманди таърихию адабӣ, ба ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ ва маърифати ҷавонон таъсири амиқ расонданд.
Дар маҷмуъ, таҷрибаи даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки сиёсати давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ва илм дорои хусусияти пайдарпай, мақсаднок ва стратегӣ буда, ба ташаккули ҷомеаи донишбунёд, рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ равона шудааст. Бо идомаи ин сиёсат ва татбиқи ҳадафҳои дарозмуддат соҳаи маориф метавонад ҳамчун неруи асосии пешбарандаи рушди устувори мамлакат хизмат намояд.
Нуриддин САИД,
доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви
вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
Саъдӣ ҚОСИМӢ,
профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ