МУВАФФАҚИЯТҲО СОЛ БА СОЛ МЕАФЗОЯНД
Воқеан, Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ мешавад, ки он масъалаҳои мубрам ва муҳими ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла амниятро дар бар мегирад.
Дар Паёми навбатӣ самтҳои афзалиятноки сиёсӣ, рушди иқтисод, масоили иҷтимоии марбут ба мактабу маориф, тандурустӣ, таъмини нафақа, амният ва тартиботи ҷамъиятӣ бозгӯйӣ шуданд. Роҳбари давлат соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз як соли таърихӣ арзёбӣ намуданд, ки ин бесабаб нест. Чунончи, дар моҳи марти соли 2025 доир гардидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллӣ чорабиниҳои муҳими сиёсии мамлакат ба шумор мераванд, ки дар фазои озод, шаффоф, дар сатҳи баланди сиёсӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳии шаҳрвандони мамлакат баргузор гардиданд.
Дастоварди дигар ин ҳаллу фасли пурраи масъалаҳои вобаста ба сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Дар ҳақиқат, имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатии ин ду кишвар рӯйдоди таърихӣ ба шумор меравад, зеро муноқишаҳои сарҳадии солҳои охир рухдода, ки ҳатто дар онҳо қурбониҳо низ ба чашм мерасиданд, аз байн бурда шуданд.
Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ, ки аз ҷониби сарварони давлатҳо ба имзо расид, на танҳо барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд, балки барои тинҷӣ ва суботи бардавоми сиёсӣ шароити муҳими сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Соли 2025 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар самти татбиқи сиёсати хориҷӣ низ соли бобарор ба шумор меравад. Дар ин сол дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир гардид.
12-уми декабри соли рафта бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд. Дар ҳамин рӯз, инчунин, бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ қабул гардид. Ҳамчунин, бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул шуд. Дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.
Ҳамаи ин дастовардҳо баёнгари боло рафтани обрӯ ва эътибори байналмилалии Тоҷикистон, шинохти Сарвари оқилу хирадманди он ҳамчун шахсияти таърихӣ мебошад.
Зулфия КАРИМОВА,
ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики ДМТ