Баргашт Чоп кардан

БА "ҶУМҲУРИЯТ" ҶАВОБ ОМАД


"ТАЪМИНОТИ ДОРУ. ДАР ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ КАСБӢ АЗ МАСЪУЛИЯТ БЕШТАР КОР БИГИРЕМ!"
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашршударо таҳти унвони "Таъминоти дору. Дар иҷрои уҳдадориҳои касбӣ аз масъулият бештар кор бигирем!" (9-уми январи соли 2025, №7), мавриди баррасӣ қарор дода, чунин маълумот пешниҳод менамояд.
Мусаллам аст, ки дастрасӣ, сифат, судмандӣ ва бехатарии доруворӣ дар нигоҳдории тандурустии аҳолӣ мавқеи хоса дошта, таъминоти саривақтии аҳолӣ ва муассисаҳои тиббӣ бо дору яке аз самтҳои стратегии сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин замина, қайд кардан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо дар кишвар тамоми дорувории зарурӣ барои табобати беморон мавҷуд буда, талаботи муассисаҳои тиббӣ ва аҳолӣ бо дору низ таъмин гардидааст. Аммо, мутаассифона, то кунун ҳолатҳои ба муомилот роҳ ёфтани доруҳое, ки ба меъёрҳои сифатию бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, ба назар мерасанд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардондани вазъи мавҷудаи соҳа, чанде қабл дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо иштироки доираи васеи мутахассисону соҳибкорони соҳаи фарматсия ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии фарматсевтҳои ҷумҳурӣ ҷаласа баргузор гардид.
Зимни ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳими соҳа, аз қабили ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дору ва фаъолияти фарматсевтӣ" ҷиҳати танзими фаъолияти ҳамоҳангшудаи миёни истеҳсол, бақайдгирӣ ва мониторинги гардиши дору тавассути низоми электронӣ, ташкили низоми мутамаркази мониторинг ва бақайдгирии гардиши доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки ҳар як воҳиди маҳсулот бо рамзи электронӣ тамғагузорӣ ва назорат карда шавад, таҳияи санади меъёрии ҳуқуқии "Тартиби ташаккули низоми марказонидашудаи мониторинг ва бақайдгирии гардиши доруҳо" бо ҷалби вазорату идораҳои марбута ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши ҷойгиршавӣ ва фаъолияти муассисаҳои фарматсевтӣ тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда, мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, дар ҷаласа зикр гардид, ки яке аз омилҳои мушкили таъминоти муассир бо доруворӣ ин норасоии мутахассисони тахассусии фарматсевтӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо мебошад. Айни ҳол дар бархе муассисаҳои тиббии давлатӣ кадрҳои соҳибихтисоси дорусоз намерасанд, ки ин омил ба сифати таъминот ва назорати дохилӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин норасоӣ бинобар амалӣ нашудани муқаррароти моддаи 7 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифадории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар ҷалби кадрҳои соҳавӣ муқаррар намудааст, ба миён омадааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти муҳимияти масъала, бори дигар аз ҳамаи сохторҳои дахлдор, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва мутахассисони соҳа даъват ба амал меорад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказӣ барои ҳалли мушкилоти соҳа, такмили қонунгузорӣ, таъмини шаффофияти бозор ва боло бурдани сатҳи хизматрасонии фарматсевтӣ саҳми худро гузоранд, зеро амнияти доруворӣ ин ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти саломатии миллат мебошад.
А. АМИРЗОДА,
муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон