РБК. Дар Туркия даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор мешавад, зеро довталабон дар даври аввал пирӯз шуда натавонистанд. Президенти феълӣ Реҷеп Тайип Эрдоган бар рақиби асосии худ Қиличдароғлу пирӯз шуд, вале 50 дарсади овозҳоро ба даст оварда натавонист.
Дар интихоботи парлумонӣ блоки Эрдоган пешсаф аст.
Реҷеб Тайип Эрдоган дар даври аввал 49,51 дарсади ороро ба даст овард. Ӯ аз соли 2014 Президенти Туркия аст. Дар ҷои дуюм рақиби аслии ӯ Камол Қиличдароғлу бо 44,88 дарсад овоз қарор дорад. Ғолиб дар даври дуюм, ки 28 май баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд.
Си Ҷинпин: «Чин омодааст бо кишварҳои африқоӣ ҳамкорӣ кунад»
ТАСС. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар мулоқот бо Президенти Эритрея Исайяс Афверки изҳор дошт, ки Чин омода аст бо кишварҳои африқоӣ барои рушди ҳамкориҳои амалӣ ва бунёди ҷомеаи Чину Африқо бо ояндаи муштарак ҳамкорӣ кунад.
Сарвари давлати африқоӣ бо сафари давлатӣ дар Пекин қарор дорад, – хабар медиҳад шабакаи телевизионии «CGTN».
Роҳбари Чин аз Африқо даъват кард, ки дӯстии анъанавии худро бо Чин идома диҳад ва эътимоди стратегии мутақобиларо тақвият бахшад.
Дар Ӯзбекистон тамоми ҳизбҳое, ки ба Комиссияи марказии интихобот дархост додаанд, дар интихоботи президентӣ ширкат хоҳанд кард
ТАСС. Баҳром Қӯчқоров, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ гуфт: "Мутобиқи Кодекси интихобот, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аризаи ҳамаи аҳзоби сиёсиро баррасӣ карда, тасмим гирифт, ки онҳо ба интихоботи пеш аз муҳлати президентии Ӯзбекистон, ки 9 июли соли ҷорӣ баргузор мешавад, роҳ дода шаванд".
30 апрел дар Ӯзбекистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба таҳрири нави Конститутсия баргузор шуд, ки бар асоси он тамдиди муҳлати президентӣ аз 5 то 7 сол дароз гашта ва, ҳамчунин, имкон медиҳад, ки Мирзиёев пас аз ду давраи пай дар пай дубора ба ин мақом интихоб шавад.
Алиев раисони парламентҳои се мамлакатро кабул кард
Мир24. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо раисони парлумонҳои Гурҷистон, Ӯзбекистон ва Миср мулоқот кард. Қаблан онҳо дар ҷаласаи Миллӣ маҷлис бахшида ба садсолагии Пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ширкат доштанд.
Илҳом Алиев бо Шалва Папуашвили масъалаи иҷрои тарҳҳои муштарак, аз ҷумла лӯлаи нафти Боку – Супса ва кашидани хатти интиқоли барқ дар қаъри баҳри Сиёҳро баррасӣ кардааст. Президент дар мулоқот бо Танзила Норбоева ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва иҷрои лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногунро таъкид кард. Озарбойҷон бо Миср дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва тандурустӣ ҳамкорӣ мекунад. Илова бар ин, кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Лигаи кишварҳои араб, ҳамкорӣ доранд.