Баргашт Чоп кардан

ФАЗОИ МИЛЛАТИ МОРО ДИГАР КАРД!


Гули хушрангу зебоӣ ба олам,
Зи ту нозад дилу ақлу тану ҷон.
Зи хоки ту бирӯяд сабзаи шеър,
Замини файзборам, Тоҷикистон!


Зи рӯди Рӯдакам ояд ба гӯшат,
Суруди нотамоми қалби шоир.
Камоли шеър омӯзам, биёям,
Ба Сайҳун менишинам, шод хотир.


Чу Исмоил таҳамтан пури Раҳмон,
Ба тоҷик фатҳу нусрат ҳадя овард.
Зи истиқлолу ҳамраъйиву ваҳдат
Фазои миллати моро дигар кард.


Ватан, эй маскани ҷонпарвари ман,
Шукӯҳу давлатат поянда бошад!
Ту оғози тамоми орзуҳо,
Шуҷоатпешагонат зинда бошад!


ТАРОНАИ ВАТАНДОР
Ватан ҷону тан, ҳам ҷаҳони ман аст,
Ватан ҳарфи дил дар забони ман аст.
Манам ҳомии ту, аё Меҳанам,
Ватан аз ниёгон нишони ман аст!


Аё нангу ному фари ман, Ватан!
Аё шуҳрати Сарвари ман, Ватан!
Набидҳам ба зар хоки домони ту,
Ту иқболи некахтари ман, Ватан!


Ту маҳбубӣ андар бари ман, Ватан!
Туӣ хоҷаву paҳбapи ман, Ватан!
Биболам зи Хатлону Суғду Ҳисор,
Ягона футуҳовари ман, Ватан!


Чу кӯҳҳои Помир ғурурам баланд,
Забонам гуворову бартар зи қанд.
Далерӣ зи шаҳномахонӣ кунам,
Манам ориёиву орам дучанд.


Аду гар ба хокат зи кин по ниҳад,
Чу Рустам ба пайкори ӯ cap кашам.
Зи размандагиям ҷаҳон огаҳ аст,
Хасу хор адуясту ман оташам.


Зи Сосону Сомону Раҳмони ту
Хушо номи ту Тоҷикистон шуда!
Зи тоҷу зи тахту зи ваҳдат мудом
Ҳама халқ масруру шодон шуда!


Аё нангу ному фари ман, Ватан!
Аё шавкати Сарвари ман, Ватан!
Набидҳам ба зар хоки домони ту,
Ту иқболи некахтари ман, Ватан!


Раъно ЗОИРДУХТ,
узви Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон