Баргашт Чоп кардан

«ШОҲНОМА» Достони хирад


(Дар ҳошияи тақдими ин асари мондагор аз ҷониби
Пешвои муаззами миллат ба ҳар хонадони тоҷикистонӣ)
«Шоҳнома» асари гуногунпаҳлу буда, хирадманди тӯсӣ ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ҳангоми эҷоди ин асари оламшумули хеш ба ҳамаи мавзуъҳои замонаш диққат дода, онҳоро хеле хуб ҳаллу фасл ҳам намудааст.
Яке аз мавзуъҳои меҳварии ин асари безавол ситоиши хирад ва мавқеи он дар ҳаёти ҷомеаи инсонӣ мебошад, ки аз ибтидо то ба интиҳои асар чун як хатти сурхе пешорӯйи хонанда ҷилвагар мешавад. Ҳамин аст, ки Абулқосим Фирдавсӣ байти аввали «Шоҳнома»-ро ба зикри вожаи хиради инсон оғоз менамояд:
Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша бар нагзарад.
Пасон боз ба ситоиши донишу хирад рӯ оварда, ба хонандааш таъкидан мегӯяд:
Тавоно бувад ҳар ки доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Дар мисраъҳои боло мебинем, ки шоир чун мутафаккири замонаш қудрати инсон ва рушду болоравии ҳаёти ӯро дар рушди илму дониш ва хиради азалии ӯ дониста менависад:
Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Шоир хирадро дар байти боло раҳнамои инсон ба сӯйи бахту саодат ва фардои дурахшон медонад ва боз бар он меафзояд,ки хирад боиси саодатмандии инсон дар ҳар ду олам мебошад.
Чун сари ин мавзуи муҳим андеша меронӣ, аҳди Сомониён ба хотир меояд, ки дар ин давраи таърихӣ илму фарҳанги тоҷикон он қадар шукуфонӣ ёфта буд, ки дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ садҳо донишмандон ба камол расида, осори илмию фарҳангии онҳо дар ривоҷи илми тоҷик саҳифаи тозаеро боз карда, то ба имрӯз қимати илмию ахлоқии худро гум накардаанд. Шоир ин ҳамаро дида ва мушоҳида намуда хирадро аз ҳама неъматҳои атонамудаи Худованд беҳтару хубтар медонад:
Хирад беҳтар аз ҳар чи Эзад-т дод,
Ситоиши хирад беҳ аз роҳи дод.
Хирад дар тасвири шоир афсари подшоҳону шаҳриёрони ҳамаи давру замон буд ва ҳаст ва адлу адолати шоҳонро шоир дар хираду дониши онҳо дида, мегӯяд:
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Ҷойи дигар шоир ба аҳли маънӣ ва донишу ҳикмат рӯ оварда, бар он панд медиҳад, ки бояд инсони комил ҳамеша нармгуфтору нармсухан ва дур аз ҳама амалҳои бад бошанд:
Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.
Шоир дар «Шоҳнома» хираду донишро ситоиш намуда, мавқеи онро дар раванди зиндагӣ нишон дода, ба он кӯшидааст,ки симои қаҳрамонҳои асарашро ҳамаҷиҳата зебою хотирмон офарад ва ба ин ҳам ба пуррагӣ ноил шудааст. Симоҳои Рустам, Суҳроб, Исфандиёр, Сиёвуш, Тӯсу Баҳром ва дигар қаҳрамонҳои мусбати «Шоҳнома» ҳама дар баробари ватандӯсти асил буданашон, боз ҳамагӣ мардони бо илму дониш ва хиради баланду талқингари он мебошанд:
Шоир ҷойи дигар аз Фаридун ёд карда, тухмаи ӯро ҳамагӣ аз дудаи донишмандону бохирадон медонад:
Зи тухми каён буду бедор буд,
Хирадманду гурду беозор буд.
Ва ё дар тасвири шоир Гундарз ба шоҳи замонаш Кайковус панд бар он медиҳад, ки шоҳон бояд дорои хирад ва дониши баланди замони худ бошанду тезию тундӣ ва сабуксарӣ ба онҳо бегона:
Хирад бояд андар сари шаҳриёр,
Ки тезию тундӣ наояд ба кор.
Шоир дар тамоми даври эҷоди ин асари мондагори хеш хирадро ситоиш намуда, инсонро ба сӯйи некию накукорӣ мехонад:
Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.


ОРИФЗОДА М.Қ.,
мудири шуъбаи маорифи
ноҳияи Восеъ