Баргашт Чоп кардан

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


аз 29 декабри соли 2025, №719, ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2025, №350
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2025, №350 “Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон” хориҷ карда шавад.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида котиботи Созмони умумиҷаҳонии савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.
3. Қарори мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН