Баргашт Чоп кардан

БА "ҶУМҲУРИЯТ" ҶАВОБ ОМАД


"СУҒД. НОРАСОИИ ТАБИБОН АЗ МУШКИЛОТИ РӮЗ БОҚӢ МЕМОНАД..."
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд миннатдории худро баён менамояд. Ҳамзамон, вобаста ба мақолаи дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" аз 14-уми октябри соли 2025, №200 (25315) дар мавзуи "Суғд. Норасоии табибон аз мушкилоти рӯз боқӣ мемонад..." оид ба норасоии табибон дар муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд чунин маълумот медиҳад.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти оморӣ айни замон норасоии табибон дар вилояти Суғд 399 воҳиди кориро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии ҷумҳурӣ аз вилояти Суғд 5397 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 2887 нафар (аз ҷумла, 153 нафар тибқи Квотаи президентӣ), Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 696 нафар (аз ҷумла, 2 нафар тибқи Квотаи президентӣ), факултетҳои тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 1213 нафар ва Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 1141 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар соли таҳсили 2024-2025 муассисаҳои давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино»-ро аз вилояти Суғд 506 нафар, аз ҷумла 23 нафар тибқи Квотаи президентӣ, "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"-ро 119 нафар ва факултетҳои тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 167 нафар хатм карда, барои гузаштани марҳалаҳои интернатура ва ординатураи клиникӣ ба муассисаҳои тиббию профилактикии ҷумҳурӣ равона гардида, баъди хатми он барои ба кор таъмин шудан ба шаҳру ноҳияҳои ба табибон ниёзманд аз рӯйи ихтисос фиристода шуда, норасоии табибон дар кӯтоҳтарин муҳлат зина ба зина бартараф мегардад.


Ҷ. АБДУЛЛОЗОДА, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон