Баргашт Чоп кардан

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО


Фиребгари бонк ба қабзаи қонун афтод
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти марде хабар дод, ки ба сохтакории ҳуҷҷатҳо ҳангоми гирифтани қарзи бонкӣ гумонбар мешавад.
Дастгиршуда сокини 34-солаи ноҳияи Кӯшониён буда, 26-уми июли соли 2024 аз филиали Бонки саноативу содиротии “Саноатсодиротбонк” дар шаҳри Бохтар бо пешниҳоди маълумотномаи қалбакӣ ғайриқонунӣ қарз гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Гумонбар аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо роҳбари ҶДММ “Сорбон-1605” маълумотномаи қалбакиро ба номи хешаш, ки гӯё дар ин Ҷамъият ҳамчун нозири кадр кор мекунад, гирифта ба бонк пешниҳод кардааст.
Айни ҳол нисбат ба ин мард бо моддаи 264 қисми 1 (ғайриқонунӣ гирифтани кредит) ва моддаи 340 қисми 2 (сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.


Милитсия масти кордбадастро ба курсии айбдорӣ шинонд
Мақомоти корҳои дохилӣ алайҳи як ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Зафаробод бо гумони содир намудани авбошӣ (моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД, гумонбаршаванда, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад, 16-уми январи соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ ба ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ноҳия муноқиша карда, бо зарби корд ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расондааст. Гузашта аз ин, ҷавони теғбадаст бо корд чархи мошини ҷабрдидаро даронда корношоям кардааст, ки феълан ин кирдори ҷинояткорона мавриди тафтишот қарор дорад.


Ошкор шудани ҳолати дуздӣ баъд аз шаш моҳ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳолати дуздии маҳсулоти ғизоӣ аз як мағозаи хӯрокворӣ ошкор ва гумонбари ҷиноят муайян гардид.
Тавре дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, марди 28-солаи сокини ҳамини ноҳия моҳҳои июл ва августи соли 2025 аз мағозаи хӯроквории марбут ба зани 42-сола ба маблағи 11 ҳазору 500 сомонӣ маводи ғизоиро бо роҳи пинҳонӣ дуздидааст.


Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”