Баргашт Чоп кардан

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ШАҲРИ РОҒУН ТАВЗЕҲ ДОДА ШУД


Ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (16.12.2025) бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид.
Дар он раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода оид ба нуктаҳои меҳварии Паём ибрози андеша карда, аз ҷумла баён дошт: “Ин ҳуҷҷати муҳим идомаи мантиқии паёмҳои солҳои пешин буда, роҳи рушду пешрафти Тоҷикистонро дар ояндаи наздик муайян мекунад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дастурҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем».
Гуфта шуд, ки ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми ҷумҳурӣ, раванди созандагию ободкорӣ идома ёфта, нақшаю барномаҳои пешбинигардида барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ мегарданд.
Зимни ҳамоиш доир ба рушди соҳаи маорифу фарҳанг, тақвияти корҳои ободонӣ дар маҳал, бунёди муассисаҳои томактабию таълимӣ дар деҳот, бунёди инфрасохтори хизматрасонӣ, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ, ҷалби сармоягузорӣ бо мақсади рушди соҳаи саноат, риояи қонунгузории соҳаи барқ, пешгирии талафоти барқ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар карда шуд.
Иброз гардид, ки ба шарофати сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ имрӯз Ватани азизамон дар роҳи рушди устувор ва пешрафти ҳамаҷониба қарор дорад.


Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”