Баргашт Чоп кардан

ВМКБ. МУҲИМТАРИН НАВИДИ СОЛИ 2025 ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТ БУД


Ин нуктаро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар машварати васеъ, ки натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи аввали соли 2026 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, таъкид кард. Дар кори ҷаласа котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.
Муовини раиси вилоят Мусо Мирзозода зикр кард, ки вилоят соли 2025-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст кард. Аз ҷумла, нақшаи бахши даромади буҷети ВМКБ дар соли сипаригашта бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,3 дарсад иҷро гардида, ба ҷойи 271,8 миллиони нақшаи пешбинишуда ба буҷет 283,4 млн сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 11,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи иттилои муовини раиси вилоят, айни ҳол 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 412,1 млн доллари ИМА амалӣ шуда истодаанд. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2021-2025-ум 138 лоиҳаро ба маблағи 4 миллиарду 759 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1-уми январи соли 2026-ум 103 лоиҳа ба маблағи 4 млрд 905,7 млн сомонӣ амалӣ шуд.
Дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръати мамлакат ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии ВМКБ дар соли 2025 ба 336,4 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,3 млн зиёд мебошад.
Алишер Мирзонабот зимни баррасиҳо махсус таъкид кард, ки чорабинии аз ҳама муҳими соли рафта, ки дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ва фарҳангию маърифатӣ доир гардид, ташрифи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад. Аз ҷониби Роҳбари давлат ва дар доираи ин ташриф 140 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз онҳо 40-то корхонаи саноатӣ ва 30 муассисаи таълимӣ мебошанд. Ҷойиз ба зикр аст, ки бо мақсади иҷрои дастурҳои Пешвои бунёдкори миллат соли гузашта 31 муассисаи томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
– Дастовардҳои мо дар самти татбиқи ҳадафи стратегии давлатӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас мебошанд. Густариши майдони кишт, гармхонаҳо, боғкорӣ, афзоиши теъдоди оилаҳои занбӯри асал, чорво ва паранда ба он мусоидат намуд, ки дар фасли зимистону баҳор низ бозори истеъмолӣ бо сабзавот, мева, асалу шир ва гӯшт таъмин гардид, – зикр кард раиси вилоят.
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорон маълумот манзур намуд. Гуфта шуд, ки дар Паём фаъолияти самтҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дар давоми 10 соли охир таҳлил шуда, вазифаҳои нав барои фаъолияти минбаъда муайяну мушаххас гардиданд.
– Дар ВМКБ бо таъмин гардидани суботи сиёсӣ ва солим гардидани вазъи тартиботи ҷамъиятӣ соҳаи соҳибкорӣ рӯ ба рушд оварда, сармоягузорӣ ба ин минтақа афзоиш ёфт. Дар баробари ин, соҳаҳои иҷтимоии минтақа низ рушд намуда, пешгӯии стратегии Роҳбари давлат дар мавриди “Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон хоҳад шуд” амалӣ гардида истодааст, – гуфт Юсуф Раҳмон.


Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”