(Бардошт аз порчаи «Ёддоштҳо»-и С. Ятимов «Марде шоиста ва зиёие истисноӣ ё достони ғаму шодӣ. «Ҷумҳурият», №229 (25344) аз 01.12.2025)
Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ чи қадар аз ёдҳои мо дуртар шаванд, ҳамон қадар ба умқи ин фоҷиаву мусибати бар сарамон омада сарфаҳм меравем. Хайрият, ки инсон қобилияти фаромӯш кардан, умед бастан ба ояндаи нек, амалӣ кардани ормонҳоро дорад. Онҳое, ки заҳри ғарибӣ чашидаву пайвандонашонро ба хоки бегона супурданд, чи хотироте ҳазину сӯзанда думболагирашон аст. Шукр мекунем, ки даврае бе нону бехона будем, аммо дар Ватани худ будем. Шаҳидони худро дар қабристони зодгоҳ гӯрондем.
Ҷанг дар домони худ хушку тарро баробар месӯзад. Аз қабзаи маргу гурезагӣ, ғаму фиғони он дар амон будан амри муҳол менамояд. Ягона садое, ки аз зеҳну дил мебарояд, ҳифзи ҷони худ аст, зеро барои инсон ҷон ширин аст. Ин эҳсос чи ба деҳқон ва чи ба олиму мансабдор якгуна мансуб аст. Дар ҳама ҳолат, ҳатто дар вазъияти ҷангу куштор низ, идомаи ҳаёт барои ҳар кадоми мо муҳим мемонад.
Ёддошти донишманду ходими давлатӣ Саймумин Ятимовро дар бораи профессор Раҳим Мусулмониён дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” мутолаа кардаму аз тақдири як марди шоиста, зиёӣ, муҳаққиқи илми адабиётшиносии тоҷик дар муҳоҷират огоҳ шудам.
Бароям донистани ин воқеият аз он ҷиҳат муҳим буд, ки профессор Мусулмониёнро чун муаллими фанни назарияи адабиёт мешинохтам. Дар қатори донишмандони забону адабиёт ва журналистика Ш. Ҳусейнзода, Д. Тоҷиев, М. Қосимова, В. Асрорӣ, С. Табаров, А. Нуралиев, И. Усмонов ва дигарон, устод Мусулмониён низ ба мо дарс гуфта буд. Ҳар як донишҷӯйи толеъдори солҳои ҳаштодуми факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ ин олимонро хуб мешинохт ва ифтихор ҳам дошт, ки онҳоро на аз рӯйи китобҳояшон мешиносад, балки чун шогирд аз сабақҳояшон баҳраманд шудааст. Баъди хатми донишгоҳ ҳама аз пайи кору рӯзгор шудему аз якдигар бехабар мондем.
Дар таълифи С. Ятимов андешаеро дар бораи гаравидани одамон ба ҷунбишҳои сиёсӣ дарёфтам: ”Як қисмати равшангароён, олимони ҳақиқӣ, аммо аз лиҳози сиёсӣ ниҳоят сода ва барои ҳамин ҳам осебпазир буданд. Дар қатори онҳо профессор Р. Мусулмониён барин зиёиён, ки иштибоҳи худро маҷрои сиёсатбозиҳои мансабталошону ҳадафи аслии ифротиёни мутаассиб фаҳмидаву “аз рӯйи нангу номусе, ки хоси ин зумра буд, натавонистанд, ваҳшати раҳгумии худро эълом доранд”, низ буданд.
Ҳини омӯзиши публитсистикаи сиёсии Тоҷикистон оид ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва сулҳи тоҷикон, аз ҷумла “Соли Набиев”-и И. Усмонов, ному насаби бароям шиноси муаллимонамро хонда, дар ҳайрат афтода будам. Олимон А. Сатторзода ва Р. Мусулмониён дар гирудори майдонҳои “Шаҳидон” ва “Озодӣ” тарафдори идеологияи ба ном демократӣ шуда, манъ кардани фаъолияти Ҳизби коммунистро талаб карда будаанд.
Аз давраи донишҷӯиямон чор даҳсола гузашт. Аммо дарси устодони асил фаромӯш намешавад ва бароямон идеали беҳтарин муносибат бо донишҷӯ, шеваи омӯзиш боқӣ мемонад.
Бо муаллиф ҳамфикрам, ки “Мусулмониёни сарсупурдаи илм ва адабиёт ҳамавақт дар банди хаёлот ва таҳқиқоти эҷодӣ – илмӣ мегашт”.
Дар ҳар санҷиши тақдир ҳикмате ҳаст. Профессор Р. Мусулмониён дар қатори зиёиён ба хоки Эрон фирор карда бошад ҳам, аз сиёсат худро канор гирифт. Мисли дигар зиёиён аз паси муллоҳои камсаводи мутаассиби дар пайи яроқу пулу мансаб, хушомадгӯйи сарпарастони “мубориза”, баҳсҳои сиёсӣ бо ҳаммиллатони худ нашуд. Ислоҳи хато бо корҳои илмӣ ҷуброн гашт. Кӯшиш ва ҷасорати устод бо эҳсоси дӯстӣ ва ҳамватанӣ дар суроғи муколама бо намояндагони Тоҷикистон, вохӯриву сафарҳо бо С. Ятимов ба Қазвину Ҳамадон, Исфаҳон, мубоҳисаву мушоираҳо дар боби зиндагинома ва осори оламшумули Убайди Зоконӣ, Абуалӣ ибни Синову Ҳофиз, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бознашри мақолаи устод Садриддин Айнӣ аз ҳадафи одами илму фарҳанг далолат мекунад. Барои Мусулмониён Эрон имконияти дастрасӣ ба маъхазҳои адабиву илмӣ, тадрису ҳамкорӣ бо олимони Эрон, фаъолият дар Бунёди доиратулмаорифи Теҳронро дод, мақолаву китобҳои арзишманди илмӣ рӯйи чоп омаданд. Солҳои ҳиҷрат ба манфиати адабиёти тоҷик сарф шуд.
Ба номгузории китобҳояш менигараму аз нияти устод бохабар мешавам. “Саду як андеша”, “Чаҳор сухан аз Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ”, “Тоҷикон дар таърих” инъикосгари мақсади муаллифанд. Доимо бо ёди вориси Носири Хусрав будан, тоҷик будан, меҳри Ватан ва бозгашт ба он дар дилаш маъво доштааст.
Ёд дорам, ҳангоми таҷлили ҷашни мутафаккир ва шоир Носири Хусрав дар ноҳияи Қубодиён гуфтанд, ки профессор Р. Мусулмониён ҳам меояд. Аз шунидани ин хабар хурсанд шудам. Аммо баъдтар фаҳмидам, ки устод бемор шудаасту дар ин ҳамоиши илмӣ ширкат карда наметавонад. Ниҳоят мутаассиф гаштам.
Саҳми устод дар муаррифии илми адабиётшиносии тоҷик бузург аст. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкил шудани китобхонаи шахсии профессор Раҳим Мусулмониён бо 4000 номгӯ китобу мавод барои насли имрӯза дари таҳқиқу омӯзишро мекушояд, барои идомаи кори олим имкон медиҳад. Ин моро таскин мебахшад ва бовар мекунонад, ки масири зиндагиву фаъолияти муҳаққиқии устод ноҳамвор бошад ҳам, дар ниҳояти кор, бедориву садоқат ба илм сазовори эътироф хоҳад монд.
Дилором МАҲКАМЗОДА, номзади илмҳои филология