Баргашт Чоп кардан

ШАМСИДДИН ШОҲИН. МУШОҲИДАҲО АЗ РАФТИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ


Сокинони шарафманд ва соҳибкорони ватандӯсти кишварамон бо азму иродаи қавӣ пайи бунёди роҳҳои деҳаву маҳалла камар бастаанд.

Дар ин маврид Шералӣ Соибов, директори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар суҳбат гуфт, ки дар тавозуни муассиса 228 километр роҳ мавҷуд буда, ҳудуди 50 километри он роҳи байналмилалист. Номбурда афзуд, ки дар соли сипаригашта бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва аз рӯйи имкониятҳо қисме аз роҳҳо сангфаршу мумфарш ва таъмир гардиданд.
Тибқи иттилои дастрасгардида, дар тавозуни муассиса 12 техникаи корӣ мавҷуд аст ва аз он 6-тояш таъмирталаб мебошанд. Бино ба гуфтаи роҳбари муассисаи мазкур, кӯшиш доранд, ки ҳадди ақал ду техникаро дар соли равон таъмир намоянд. Мавсуф иброз дошт, ки ҳолати зимистонгузаронӣ дар муассиса дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон, барои бемушкил гузарондани фасли сармо маводи зидди лағжиш, намаки техникӣ, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ захира шудааст. Тибқи иттилои масъулон, дар ҳолатҳои боридани барфу борон дар муассиса навбатдорӣ ташкил шуда, барои ҳарчи зудтар тоза намудани роҳ аз барф чораҳои заруриро меандешанд.


Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”