Баргашт Чоп кардан

ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ БАРОИ ШИКОРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ПУРЗӮР КАРДА ШУД


Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар бойигарии табииро моликияти истисноии давлат эътироф намуда, истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.


Яке аз масъалаҳои муҳими даҳсолаҳои охир, бинобар босуръат афзудани таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист ва экосистемаҳои табиӣ, аз маҳвшавӣ нигоҳ доштани намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди нестшавӣ қарордоштаи ҳайвонот ба шумор меравад. Маҳв гардидани ин ё он намуди организми зинда дар табиат раванди бебозгашт аз байн рафтани як ҷузъи генофонди гуногунии биологӣ ба ҳисоб меравад. Дилхоҳ организми зинда, аз ҷумла намудҳои нодири ҳайвонот, таҷассумгари маълумоти генетикие мебошанд, ки дар натиҷаи инкишофи тулонӣ ташаккул ёфтаанд ва дорои аҳамияти бузурги илмию эстетикӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз, ҳифзи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи ҳайвонот, таҳия ва амалӣ кардани чораҳои муассир ва таъхирнопазирро тақозо менамояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи таъсири омилҳои антропогенӣ ба олами ҳайвоноти Тоҷикистон дар 50 соли охир тағйироти зиёде ба амал омадааст. Дар давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ 3 намуди ҳайвонот – паланги туронӣ, суғури Мензбир ва моҳии белбинии сирдарёӣ пурра нест гардидаанд. Илова ба ин, дар даҳсолаҳои охир дар хусуси дар таркиби фаунаи Тоҷикистон боқӣ мондани 5 намуди дигари ҳайвоноти сутунмуҳрадор, аз ҷумла бабри осиёимиёнагӣ, маълумоти эътимодбахш ва дақиқ мавҷуд нест. Бабри осиёимиёнагӣ – зернамуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад, ба рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) ва замимаи 1 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» (CITES) ворид гардидааст. Бабри осиёимиёнагӣ аввалҳои асри гузашта, дар минтақаҳои кушоди доманакӯҳҳои қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон паҳн гардида буд.
Бабри барфӣ намуди дигари ҳайвоноти нодире мебошад, ки ба Китоби Сурхи Тоҷикистон дохил шудааст. Ин намуди ҳайвонот дар тақрибан 70 фисади ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баландии беш аз 2500 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунанд. Имрӯз, дар натиҷаи танг намудани мавқеи зисти онҳо дар ҷумҳурӣ тахминан аз 350 то 500 сар бабри барфӣ боқӣ мондааст, ки бештар аз нисфи онҳо дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ҳифзи ин намуди нодири ҳайвонот тақозои замон мебошад. Яке аз роҳҳои ҳифзи ҳайвоноти нодир пешбинӣ намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шикори ғайриқонунии онҳо ба шумор меравад.
Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шикори ғайриқонунӣ пешбинӣ гардидааст, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт камбудиҳо низ ҷой доранд. Бо мақсади ислоҳи вазъ, бо ташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардид, ки дар асоси он 8-уми октябри соли 2025 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Қонуни мазкур 15-уми декабри соли 2025 дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллӣ, даъвати ҳафтум, ҷонибдорӣ гардида, онро 17-уми декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо карданд, ки пас аз интишор он мавриди амал қарор гирифтааст.
Тибқи Қонуни мазкур ба қисми 2) моддаи 232 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои шикори ғайриқонунӣ муқаррар менамояд, бандҳои б) ва в) илова шудаанд, ки тибқи онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шикори ғайриқонуние, ки бо намоиши оммавӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет ва ё такроран содир мешаванд, пешбинӣ мегарданд.
Зарурати қабули ин меъёр аз он сарчашма мегирад, ки солҳои охир намоиши оммавии шикори ғайриқонунӣ дар воситаҳои ахбори омма, бахусус тавассути интернет, ба таври васеъ ба роҳ монда шуда, барои зиёд гардидани ин ҷиноятҳо сабаб мегарданд. Инчунин, ҳолатҳои такроран содир намудани ҷинояти мазкур аз ҷониби шахсони қаблан чунин ҷиноятро содирнамуда низ ба чашм мерасад. Вале бо сабаби пешбинӣ нагардидани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ин кирдорҳо дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҷинояткор бо ҷазои сабук маҳкум карда мешуданд. Минбаъд, бо қабули Қонуни мазкур ҳолатҳои зикршуда барои бандубасти ҳаракатҳои шахсони гунаҳкор бо қисми 2 моддаи 232 асос мегарданд, ки ҷавобгарии вазнинтарро пешбинӣ менамояд.
Бо қабули Қонуни болозикр ба моддаи 232 Кодекси ҷиноятӣ қисми 3) илова шуд, ки тибқи он барои содир намудани кирдорҳои дар қисмҳои 1) ва 2) ҳамин модда пешбинигардида, агар онҳо боиси расонидани зарар ба миқдори махсусан калон гардида бошанд, шахси гунаҳкор бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз чор то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Бо назардошти ҳолатҳои дар боло нишондодашудае, ки ҳифзи бабри барфӣ ва бабри осиёимиёнагиро ба миён овардаанд, бо Қонуни мазкур номи моддаи 2321 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав навишта шуда, дар он ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шикор, қасдан нобуд кардан, инчунин ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фурӯхтани бабри барфӣ ё бабри осиёимиёнагӣ пешбинӣ гардид.
Мутобиқи қисми 1) моддаи мазкур, барои шикор, қасдан нобуд кардан, инчунин ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фурӯхтани бабри барфӣ ё бабри осиёимиёнагӣ ҷарима ба андозаи аз як ҳазору дусад то як ҳазору ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол пешбинӣ мегардад.
Қайд намудан зарур аст, ки қисми 1) моддаи 2321 Кодекси ҷиноятӣ то ворид гардидани тағйиру иловаи мазкур танҳо ҷавобгарии ҷиноятиро барои шикор ва қасдан нобуд кардани бабри барфӣ бо ҷазои ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол муқаррар намуда буд.
Инчунин, ба моддаи 2321 қисми 3) илова карда шуд, ки такроран содир намудани кирдорҳои дар қисмҳои 1) ва 2) ҳамин модда пешбинигардида ҷиноят эътироф гардида, барои содир намудани он ҷарима ба андозаи аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз чор то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ карда мешавад.
Вобаста ба тағйиру иловаҳои воридгардида, ҳамзамон, ба эзоҳи моддаи 236 Кодекси ҷиноятӣ иловаи нав ворид карда шуда, андозаи зарар ба миқдори махсусан калон муайян гардид. Мутобиқи ин илова, зарар дар ҳолате ба миқдори махсусан калон дониста мешавад, ки андозаи он бештар аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил диҳад.
Мутобиқи моддаи 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат вазифаи ҳар як шахс мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки дар ин кор худро бетараф нагирад, дар ҳифзи муҳити зист, олами ҳайвоноту наботот саҳмгузор бошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки шаҳрвандон барои пешгирии шикори ғайриқонунӣ садди мустаҳкаме буда метавонанд. Ин ташаббус на танҳо барои ҳифзи олами набототу ҳайвонот, балки барои рушди маҳалҳо, бахусус маҳалҳои дурдаст ва шароити зисти сокинони ин маҳалҳо, як заминаи устуворе буда метавонад.


Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА,
раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният,
Манучеҳр КАРИМЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният