![]()
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ШИРКАТ»
Дар ин филворд номи ширкатҳои маъруфи олам ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. ШОКИР
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон:
238-53-82
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР
ҶАВОБҲО БА КРОССВОРДИ «ЯЛДО»
1. Бадахшон 2. Ванҷях 3. Барфак 4. Феврал 5. Антарктида 6. Яхмос
7. Зимистон 8. Сармо 9. Италия 10. Симин 11. Ялдо
ТУҲФАҲОИ МАРГ
Ҳама Гарри Поттерро мешиносанд, аммо қариб ҳеҷ кас достони Дэвид Холмс, дублёри Даниел Рэдклифро (иҷрокунандаи нақши Гарри Потер) намедонад. Солҳо ӯ ҷаҳишҳо, афтиданҳо ва муштзаниҳои Гарри Поттерро берун аз камера иҷро менамуд. Вале, ҳангоми машқҳои "Туҳфаҳои марг" садамае ҳаёти ӯро ба таври абадӣ тағйир дод. Ҳангоми машқ, вақте ки ӯ бояд аз таркиш ҷаҳида, афтиданро тақлид мекард, аз бархӯрд бо девор гарданаш шикаст ва боиси осеби сутунмуҳра гардид ва фалаҷ шуда, ба аробачаи маъюбӣ нишаст. Вақте студияи филмсоз аз пардохти хароҷоти табобати Дэвид саркашӣ кард, Даниел Рэдклиф ин хароҷотро аз ҷайби худ пардохт намуд. Рэдклиф ҳатто дар бораи дублёри худ "Писаре, ки зинда монд" филми мустанад сохт. Садамаро тавсиф карда, гуфт, ки ин одилона нест ва Дэвид набояд қурбонӣ мешуд. Мисле ки як қисмат аз филми «Туҳфаҳои марг»-и Гарри Потер қариб ҷони як нафарро мерабуд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ҲИКМАТИ ЗИНДАГӢ
АКСАР ВАҚТ ЧӢ ҚАДАР ХУШБАХТ БУДАНИ ХУДРО ФАРОМӮШ МЕКУНЕМ
Ҳунарманди машҳури Ҳолливуд Ричард Гир барои дарки эҳсоси одамони бенаво бо либосҳои чиркину нимбараҳна як рӯзро қатори онҳо дар хиёбонҳои Ню-Йорк гузаронд. Давоми рӯз танҳо як хонум каме хӯрок дод, дигарон бошанд, на танҳо кумак накарданд, балки борони нигоҳҳои нафратомез ба сараш рехтанд. Ҳунарманд субҳи дигар бо чеҳраи аслии худ ба хиёбон баромада, ба ҳар як бечорае, ки ӯро пеш омад, хӯроку 100-долларӣ пул доду гуфт:
«Бо он чи дорем, мо аксар вақт чӣ қадар хушбахт будани худро фаромӯш мекунем. Хушбахтӣ чизи муқаррарӣ нест, ба қадри он бояд расид. Агар имкони дасти фитодаеро гирифтан доред, бояд сидқан ин амалро анҷом диҳед. Биёед, он тағйиротеро, ки дар дигарон дидан мехоҳем, аз худамон шуруъ кунем».
Таҳияи Кароматулло АТО
ПОРА
Дар бораи ҷазоҳои сангин
1. Дар Чин коррупсия ба феҳристи 13 ҷинояти махсусан вазнин дохил шуда, ба порахӯрон агар маблағи дуздӣ ё ришва аз 3 миллион юан (445 ҳазор доллари ИМА) зиёд бошад, ҷазои ҳабси абад ё ҳукми қатл дода мешавад.
2. Тибқи талаботи қонунҳои Фаронса, агар кормандони бахши саноат ё доираҳои тиҷоратӣ ба порахӯрӣ дар ин кишвар айбдор шаванд, то 7 сол ва мансабдорони давлатӣ бошанд, то 10 сол, ё бештар аз он равонаи зиндон мешаванд.
3. Агар дар Ветнам мансабдоре ба дуздӣ ё азхудкунии 500 миллион донг, баробар ба 21 ҳазор доллари ИМА айбдор шавад, ӯро ҳабси абад ё ҳукми қатл интизор аст.
4. Дар Британияи Кабир шахсоне, ки ҷинояти коррупсионӣ содир мекунанд, дар баробари дигар намуди ҷазоҳои сангин, аз гирифтани ҷубронпулӣ ва нафақа ҳам маҳрум мешаванд.
Таҳияи Файёзи ФИРӮЗ
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
Стефани Фраппари фарон-савӣ аввалин зане дар таърих шуд, ки дар бозии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол миёни мардон доварӣ кард. Ӯ соли 2022 дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар Қатар баргузор гардид, сардовари бозии марҳалаи гурӯҳӣ байни тимҳои Олмон ва Коста-Рика буд.
Дар маҷмуъ, дар Чемпионати ҷаҳони соли 2022 шаш довари зан ҷалб шуд, ки инҳо Стефани Фраппар (Фаронса), Салима Мукансанга (Руанда), Йошими Ямашита (Ҷопон) ва се ёвари довар – Неуза Бэк (Бразилия), Киарен Диас Медина (Мексика) ва Катрин Несбитт (Америка) мебошанд.
Стефани пеш аз ин, якчанд маротиба бозиҳои дастаҳои мардона, аз ҷумла бозии Суперҷоми Аврупо-2019 байни «Ливерпул» ва «Челси»-ро доварӣ кардааст.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
ҶАҲОН ДАР СОЛИ 2050:
ОЁ ИНСОНИЯТ ОМОДА АСТ?
Бино ба маълумоти дапартаменти маъмурӣ-иқтисодии СММ, дар соли 2050 ҷаҳоне, ки имрӯз мешиносем, комилан дигар хоҳад шуд. Шумораи аҳолӣ тақрибан ба 9,5 миллиард нафар мерасад. Ҳарорати миёнаи Замин 2 дараҷа гарм мешавад ва эҳтимол дорад, ки яхи Арктика дар фасли тобистон қариб пурра нопадид гардад.
Дар ҳамин ҳол, ҷаҳон босуръат рақамӣ мешавад. Зеҳни сунъӣ нисбат ба инсон хеле пешрафта гардида, то 90 фоизи корҳои муқаррариро иҷро хоҳад кард.
Тиб ва генетика ба сатҳи нав мебароянд: бемориҳо пеш аз таваллуд пешгӯйӣ мешаванд, узвҳои сунъӣ бо дастгоҳи чопии 3D истеҳсол мегарданд. Чин аз рӯйи ҳаҷми ММД аз ИМА пеш мегузарад; 60 фоизи энергия аз манбаъҳои тоза таъмин мешавад; инсоният сохтани аввалин пойгоҳҳоро дар Миррих оғоз мекунад. Ва боз дигару дигар…
Оё инсоният ба ин ҳама омода аст?
Таҳияи О. ГУЛБЕРДИЕВА
РОЗИ ХУШБАХТӢ
Аз пиру кампире дар алоҳидагӣ сабаби хушбахтии зиндагиашонро пурсон шуданд.
Пирамард гуфт:
– Вақте завҷаам рост мегӯяд, ман чап мегӯям, сиёҳ гӯяд ман сафед мегӯям. Яъне, гап бояд дар даҳони мард бошад. Киштӣ бояд як сарбон дошта бошад.
Дар навбати худ, завҷааш рози зиндагиашонро чунин шарҳ дод:
– Аз рӯзи аввали зиндагиамон дарк карда будам, ки шавҳарам одами якрав аст. Аз ин рӯ, ҳар вақте рост мехостам чап мегуфтам, сафед мехостам сиёҳ мегуфтам. Ҳамин тавр, пирамард тамоми умр фикр мекард, ки киштии зиндагиро худ идора мекунад.
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР
15 ҒОРИ ҶОЛИБТАРИН ДАР ҶАҲОН
13. ҒОРҲОИ АЖАНТА
Мағорҳои Ажантаи иёлати Маҳараштра яке аз ҷойҳои асосии динии Ҳиндустон мебошанд. Ин маҷмааи беназири ғорҳо аз 30 маъбад ва дайрҳои буддоӣ иборат аст, ки дар кӯҳи наълшакл тарошида шудаанд.
Дар дохили он ороиши зиёд, аз ҷумла муҷассамаҳои сангӣ ва наққоширо дидан мумкин аст, ки шоҳасарҳои санъати динии буддоӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо ҳаёти гузаштаи Буддо, инчунин, дигар худоёни буддоӣ, ҳайвонот, ҷавоҳирот, саҳнаҳои Кама-Сутра ва ғайраро тасвир мекунанд.
Бостоншиносон бар ин назаранд, ки дар Ҳиндустони Қадим ин ғорҳо ҳамчун паноҳгоҳи роҳибон дар мавсими сардӣ ва ҷойи истироҳати тоҷирону зоирон будаанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
КИТОБЕ ВАЗНАШ 8 ТОННА
Боре дар намоишгоҳи шаҳри Тулуза (Фаронса) китоберо ба намоиш гузоштанд, ки андозааш чаҳор метр, бараш се метр, вазнаш ҳашт тоннаро ташкил медод. Китоби мазкур дорои ҳамагӣ сӣ саҳифа буда, онро матбааи "Прива" бо истиқболи 150-солагияш таҳия кардааст.
Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
СОЛИ АСП
Яъне чӣ?
Мувофиқи мулҷар, соли 2026 соли Асп буда, он бо ҳаракат ва пешрафт вобаста аст.
Одамоне, ки дар соли Асп таваллуд шудаанд, дорои неруи баланд ва хеле фаъол буда, меҳнатро дӯст медоранд. Сухандон ва хушмуомилаанд.
Аспҳо зуд бо дигарон забон меёбанд. Аз ин рӯ, аз зодагони ин сол дипломатҳои хуб мебарояд. Зирак ва мустақил буда, аз душвориҳо намеҳаросанд. Озодидӯстанду маҳдудиятро намеписанданд.
Фароҳамсоз С. СУННАТӢ
ДАР ҶУСТУҶӮЙИ ҲАҚИҚАТ
Марде сарсон дар ҷустуҷӯйи ҳақиқат ниҳоят дар як кулбаи куҳна ӯро пайдо кард. Ҳақиқат симои зан дошт. Марде, ки аз ин пеш ҳеҷ гоҳ зани аз ин пиртару зишттарро надида буд, бо тааҷҷуб пурсид:
– Шумо Ҳақиқат ҳастед?
Пиразани чиндор бо аломати ризо сар ҷунбонд.
– Пас бигӯед, ки ман бояд ба ҷаҳон чӣ хабар расонам? Пиразан, ҷавоб дод:
– Ба одамон бигӯ, ки ман зебоӣ беназирам, зеро одамон ҳақиқатро дӯст намедоранд. Ман дар чашми онҳо одатан, талх, сахт ва зишт менамоям. Чаро боз ҳайронтар пурсид мусофир. Аммо мардум мехоҳанд маро дар шакли зебо, ширин ва дилписанд бубинанд!
Таҳияи Носирҷон А.
Чӣ тавр фоида ба зарар табдил ёфт?
Бензини этилӣ бензинест, ки ба он тетраэтил-қӯрғошим барои баланд бардоштани шумораи октанӣ илова карда мешавад.
Соли 1921, вақте ки Томас Миҷли бензини этилиро барои беҳтар намудани кори муҳаррик ихтироъ кард, он вақт одамон аз хатари қӯрғошим огоҳ буданд, аз ин рӯ, онҳо хавотир буданд. Аммо ихтироъкорон ба ҳама итминон доданд, ки сӯзишвории қӯрғошимдор бехатар хоҳад буд. Мутаассифона, ин тавр нашуд. Ин ихтироъ боиси аз қӯрғошим ифлосшавии ҳаво ва хок гардид. Шумораи бемориҳои гуногун, аз қабили саратон ва бемориҳои дил низ афзоиш ёфт. Бензини қӯрғошимдор ба зеҳни кӯдакон низ таъсири манфӣ расонд ва ба афзоиши назарраси ҷинояткорӣ мусоидат кард.
Таҳияи С. НАҶМИДДИНЗОДА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ПАРВОЗ БА ОФТОБ
Дар маркази илмии кайҳоншиносӣ:
– Рафиқон, айб аст, ки дигарон аз мо пештар Моҳро таҳқиқ мекунанд. Маҷбурем шуморо, ки беҳтарин олимони кайҳоншиносед, ба Офтоб равон кунем.
– Рафиқ директор, мебахшед, наход шумо ҳарорати ситораи Офтобро надонед? Мо-ку, сӯхта хокистар мешавем.
– Мо ҳам беақл нестем, шогирд. Шумо, баъди ғуруби Офтоб, шабона парвоз мекунед.
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА
ТАФТИШИ РОЙГОН
Дар маҷлиси падару модарон:
– Рафиқон, кӣ ба хотири фарзандаш барои мактаб кумак мекунад?
– Ман сантехникам, метавонам ройгон лӯлаи об гузаронам.
– Ман барқчиям, ҳар куҷое зарурат бошад, метавонам ройгон ноқил гузаронам.
– Ман прокурорам, агар лозим шавад, ройгон тафтиши прокурорӣ мегузаронам.
– Ташаккур. Фикр мекунам, мактаб имсол бе кумаки волидайн ҳам аз уҳдаи бартарафсозии шикасту рехташ мебарояд.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ЗАБОНОМӮЗИРО
АЗ КАЙ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
Бино ба гуфтаи коршиноси рус оид ба масоили забономӯзӣ, омӯзгори забони англисӣ Анна Котик, даврони беҳтарини омӯзиши забони хориҷӣ кӯдакӣ мебошад. Вале, тавре коршинос таъкид сохт, он нозукиҳои худро дорад.
Пеш аз ҳама, забономӯзиро бояд на аз 3-солагӣ, балки аз 9-солагӣ оғоз кард. Баъдан, кӯдак бояд аввалан гап заданро ёд гирад ва танҳо пас ба омӯзиши сарфу наҳв шуруъ намояд.
Шарти муҳимаш он аст, ки ҳангоми омӯхтани забон ба танаффус набояд роҳ дод, вагарна тамоми кӯшишҳо барбод хоҳанд рафт.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА
САРВАТ
Сарватманде ба як камбағал сабад дод, ки пур аз партов буд. Камбағал табассум карда, сабадро гирифт ва рафт. Вай партовҳоро партофта, сабадро бо гулҳои зебо пур кард. Сипас, назди сарватманд баргашта, сабадро ба ӯ дод. Сарватманди ҳайратзада пурсид:
– Барои чӣ ту ба ман ин сабадро, ки пур аз гулҳои зебост, медиҳӣ, дар ҳоле ки ман ба ту партов дода будам?
Камбағал ҷавоб дод:
– Ҳар кас ба дигарон чизеро медиҳад, ки дар ниҳодаш онро мепарастад.
Таҳияи Басона А.
БАЛАНДТАРИН МУҶАССАМАИ ҶАҲОН ДАР КАДОМ КИШВАР ҚОМАТ АФРОХТААСТ?
Баландтарин пайкараи ҷаҳон Муҷассамаи Ваҳдат (Statue of Unity) ба ҳисоб меравад. Ин ёдгории азим ба ифтихори муовини собиқи Сарвазири Ҳиндустон Валлабхаи Пател бунёд гардида, дар ҷазираи Садҳу (иёлати Гуҷарот) ҷойгир аст. Баландии он тақрибан 2,5 маротиба бештар аз Муҷассамаи Озодӣ буда, бо дарназардошти поя, ба 240 метр мерасад.
Валлабхаи Пател яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи Ҳиндустон буда, дар роҳи ба даст овардани истиқлолият аз Британияи Кабир саҳми назаррас гузоштааст.
Таҳияи З. РАҶАБ
ФАРЗАНД ВА ЭҲТИРОМИ МОДАР
Марди солхӯрдае бо номи Ҳизом ал-Ғамдӣ дар суд муқобили бародари хурдиаш истод – на барои ҷанҷол, балки ба хотири он ки ҳар ду мехостанд шарафи нигоҳубини модарро ба даст оранд. Ҳизом исрор мекард, ки модар дар хонаи ӯ истад ва нигоҳубини модарро идома диҳад, аммо бародари хурдӣ розӣ набуд, зеро бовар дошт, ки Ҳизом хеле пир шудааст ва ба оромӣ ниёз дорад.
Қозӣ модарро овард, то худ интихоб кунад, аммо ӯ гуфт, ки наметавонад байни онҳо интихоб кунад, зеро ҳар ду писар барояш мисли чашми чап ва рост мебошанд.
Азбаски модар интихоб карда натавонист, қозӣ ба сабаби ҷавонтар ва қавитар будан бародари хурдиро барои нигоҳубини модар сазовор донист. Вақте қарор эълон шуд, Ҳизом ба гиря даромад – на аз хашм, балки барои он ки ҳис кард, имкони хизмат ба модарашро дар солҳои охири умраш аз даст дод.
Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
ROLEX
Rolex, ширкати швейтсарӣ, ки соатҳои дастӣ истеҳсол менамояд, соли 1905 аз ҷониби Ҳанс Вилсдорфи олмонӣ таъсис меёбад.
Тайи солҳои мавҷудияти худ, ширкати Rolex бо истеҳсоли соатҳои баландсифат ва аз ҷиҳати тарҳ зебо харидорони зиёд пайдо кард. Ин бесабаб нест: ҳама комёбиву муваффақиятҳо самараи заҳмати муассис ва кормандони он мебошад.
Дар асри ХХI Rolex ҳанӯз ҳам дар саноати соатсозии олам аз ҷониби коршиносони соҳа пешқадамтарин ширкат эътироф мегардад. Ҳоло ширкат навъҳои гуногуни соатҳои дастии беҳтарин, амсоли соатҳои варзишӣ ва классикӣ, истеҳсол менамояд.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА
НАЙЧА КАЙ ПАЙДО ШУД?
3-юми январ ҷаҳон як иди ғайриодиро ҷашн гирифт: зодрӯзи найча. Дар ин рӯз соли 1888 Марвин Стоуни амрикоӣ патенти истеҳсоли найчаҳои коғазиро гирифт, ки фарҳанги нӯшиданро абадан тағйир дод.
Аммо таърихи найчаҳо хеле пештар оғоз ёфтааст. Се ҳазор сол пеш, шумерҳо пиворо тавассути найчаҳои тиллоӣ менӯшиданд ва мисриён аз пояҳои рустании най истифода мебурданд.
Шумерҳои қадим пиворо дӯст медоштанд, аммо технологияи пивопазӣ сода буд. Пиво филтр намешуд, аз ин рӯ, нӯшидани он мустақиман аз зарф нохушоянд буд, зеро зарраҳои ғалладона ва коҳ ба даҳон медаромаданд. Шумерҳо роҳи ҳалро ёфтанд: онҳо аз найча истифода мебурданд, ки тавассуташ метавонистанд қабати болоии шаффофи нӯшокиро бидуни халалдор кардани таҳшин нӯшанд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ