![]()
Дар таърихи куҳану нави Тоҷикистон шахсиятҳое будаанд ва ҳастанд, ки номи онҳо бо сарнавишти Меҳан ба таври ҷудонашаванда пайванд аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз зумраи чунин шахсиятҳоянд ва дар замоне ба арсаи роҳбарӣ ворид шуданд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат ҳанӯз пояи устувор надошт, ҷомеа пароканда буд ва ояндаи миллат дар зери суол қарор дошт. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои кишвар давраи санҷиши сахти таърихӣ буданд, ки ҳар як иштибоҳ метавонист ба нобудии давлатдорӣ оварда расонад.
Дар чунин шароити вазнин нахустин иқдоми Сарвари ҷавони давлат истиқрори сулҳ буд, сипас гурезаҳои иҷбориро бо роҳи музокираҳо, гуфтугӯ ва созиш аз хориҷи кишвар ба Ватан оварданд.
Сипас, дар баробари давлатсозӣ, масъалаи иқтисод дар маркази сиёсати Президент қарор гирифт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки истиқлолияти воқеӣ бидуни истиқлолияти иқтисодӣ имкон надорад. Аз ин лиҳоз, сиёсати рушди иқтисодӣ, хусусан дар соҳаҳои энергетика, коммуникатсия, инфрасохтор ва кишоварзӣ, ба авлавият табдил ёфт. Сохтмони истгоҳҳои барқӣ, роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун овард ва робитаи минтақаҳоро дар тамоми фасли сол ба ҳам пайваст. Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари дорои имкониятҳои бузурги энергетикӣ табдил ёфт. Дастовардҳо барои рушди саноат, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ замина фароҳам оварданд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Сарвари давлат ин эҳёи худшиносии миллӣ мебошад. Дар шароити пас аз ҷанги таҳмилӣ барқарор намудани эътимоди мардум ба худ ва ба давлат, аҳамияти калон дошт. Забони давлатӣ, таърих, фарҳанг, ҷашнҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ ба унсурҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд. Ин раванд махсусан барои насли ҷавон муҳим буд, зеро маҳз онҳо ояндаи давлатро месозанд.
Бо гузашти солҳо Тоҷикистон қабои ҷадиди заррин ба бар намуд ва симои нав гирифт. Суботи сиёсӣ, рушдёбии иқтисод ва болоравии мақоми байналмилалии кишвар натиҷаи сиёсати пайгирона ва дарозмуддат мебошанд, ки аз роҳбар масъулият, иродаи қавӣ, таҳаммулгароӣ ва зиракиро талаб менамоянд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд миллатро дар атрофи ғояи давлатдории мустақили миллӣ муттаҳид созанд. Аз ин рӯ, тамоми тоҷикистониён ва, ҳамчунин, тоҷикони бурунмарзӣ ӯро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат хонданд.
Таърих ба шахсиятҳо аз рӯи натиҷаи фаъолияти онҳо баҳо медиҳад. Ва натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон имрӯз давлати соҳибистиқлол, шинохташуда ва дорои дурнамои рушд аст. Ин воқеият тасодуфӣ нест, балки самари роҳе мебошад, ки бо ирода, сабр ва бовар ба миллат падид омадааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон шахсияте мебошанд, ки давлатро аз буҳрон ба субот ва аз ноумедӣ ба умеди воқеӣ расондаанд!
Бахтиёр НАЗИРӢ,
ходими илмии осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Истаравшан