Баргашт Чоп кардан

ПРЕЗИДЕНТ. ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ САНОАТ

Саноат дар ҳамаи давру замон барои кишварҳо соҳаи калидии рушди иқтисод маҳсуб меёбад, ки дар сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади некуаҳволии мардум рушд додани ин бахш аз муҳимтарин самтҳо қарор гирифтааст. Ҳамин аст, ки, бо назардошти тараққиёти рӯзафзуни иқтисоди ҷаҳон ва талаботи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи стратегӣ эълон дошта, барои ҳалли масоили муҳими истеҳсолоти ватанӣ шароити мусоидро фароҳам оварданд.

Сарвари давлат солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат муқаррар карда, дар доираи он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Ҳамзамон, Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси он барномаҳои гуногуни соҳавӣ қабул шуда, мавриди амал қарор доранд. 
Ин аст, ки имрӯз истеҳсолоти саноатӣ назар ба дигар соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла кишоварзӣ, тадриҷан рушд намуда, саҳми он дар таъмини шуғли аҳолӣ, содироти маҳсулот, афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва, дар маҷмуъ, рушди иқтисодии кишвар нақши бузург пайдо кардааст. Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт, ин нишондиҳанда дар соли 2025 ба 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ расидааст.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар доираи солҳои 2022 – 2026 – Солҳои рушди саноат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ 177 корхонаи саноатӣ бо 14861 ҷойи кори доимӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мошинсозӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук, сохтмон, коркарди маъдан ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, тайи нуҳ моҳи соли гузашта 25 корхонаи нав бо 1847 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфт. Президенти мамлакат аз ин корхонаҳо, ки бо таҷҳизоти муосири истеҳсолии каммасраф ҷиҳозонда шудаанд, боздид намуданд.

Баҳодур Мирзоев, доктори илмҳои кимиё, профессор, устоди филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе, ба ин назар аст, ки Тоҷикистон ояндаи наздик ба худтаъминкунии пурраи аҳолӣ бо истеҳсолоти худӣ мегузарад. Ӯ, аз ҷумла чунин гуфт: 
– Касе инкор карда наметавонад, ки саноат асоси иқтисодӣ ва пешравию шукуфоии ҳар давлат аст. Ташаббусҳое, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт пеш гирифта истодаанд, бо боварӣ Тоҷикистонро дар ояндаи наздиктарин ба ҷумҳурии хеле рушдёфтаи минтақа ва ҷаҳон табдил медиҳанд. Кишвари мо аз лиҳози дороии маъданҳо дар ҷаҳон мақоми баланд дорад ва дар заминаи он ҳадафҳои пешгузоштаи давлату Ҳукумат бисёр саривақтию хирадмандона мебошанд. Аз ҷумла, дар доираи солҳои 2022 – 2026 – Солҳои рушди саноат, саноатикунонии босуръат – ҳадафи чоруми миллӣ корхонаҳое, ки имрӯзҳо бо ташаббусу дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат бунёд гардида истодаанд, тадриҷан барои даст ёфтан ба таъмини пурраи аҳолӣ бо истеҳсоли худӣ роҳро васеътар мекунанд. Махсусан, ташкили корхонаҳо дар шаҳри Душанбе ва истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ гоми хубе гузоштан ба сӯйи ҳадафҳои бузургтар аст.
Хуллас, пешравиҳо дар соҳаи саноати Тоҷикистон бо ибтикору дастгириҳои Пешвои миллат айни замон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба чашм мерасанд ва ҳар рӯз шоҳиди қомат афрохтани корхонаҳои саноатӣ дар гӯшаю канори мамлакат мегардем. Ҳоло дар бозору фурӯшгоҳҳо торафт маҳсулоти истеҳсоли худӣ мавқеи молҳои воридотиро танг карда, дар таркиби содирот низ саҳми онҳо рӯ ба афзоиш дорад. Муҳимтар аз ҳама, омодасозии мутахассисони варзидаи соҳа, ки омили асосии рушд маҳсуб мешаванд, бо дастуру роҳнамоии Сарвари давлат ҳамқадам бо замон рӯ ба беҳбудӣ овардааст.


Кароматулло АТО,
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”