Бардошт аз ҷаласаи Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон
21-уми январ таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор шуд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилоят, зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва саводнокии насли наврас нақши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти дигари давлатӣ, бахусус кормандони ВАО, муҳим мебошад.
Мувофиқи рӯзнома прокурори вилоят Икром Зоирзода дар мавзуи "Ташкил ва гузарондани чорабиниҳо вобаста ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии истеъмолкунандагон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқии онҳо", сардорони раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар Шараф Аваззода ва минтақаи Кӯлоб Музаффар Аҳмадзода дар мавзуи "Ташкил ва баргузории чорабиниҳо вобаста ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта", сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилоят Иззатулло Ҳикматзода дар мавзуи "Рафти гузарондани чорабиниҳо дар самти пешгирии нашъамандӣ ва оқибатҳои суиистеъмоли он" ва раиси суди вилояти Хатлон Нуриддин Расулзода дар мавзуи "Ташкил ва гузарондани вохӯриҳо дар коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ вобаста ба баҳсҳои судии рӯзмарра" маъруза намуданд.
Сипас, нақшаи кории Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон барои соли 2026 ва нақшаи вобастнамоии аъзои Шуро, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъулон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба тақвият бахшидан ба корҳои омодагӣ ба даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ тасдиқ гардид.
Дастур дода шуд, ки бо ин мақсад бо аҳолӣ, алалхусус бо гурӯҳҳои осебпазир, ноболиғон, ҷавонон, муҳоҷирон, ходимони дин ва донишҷӯён вохӯриҳо бештар ба роҳ монда шаванд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"