Тоҷикистону Муғулистон – ду кишвари воқеъ дар минтақаи Осиё, бо бойигарии таърихиву фарҳангӣ ва тафовути манзараҳои табиии худ имкониятҳои баробари роҳандозии рафтуомади сайёҳонро доранд. Барои ин, пеш аз ҳама, таъсиси парвозҳои мустақим, ташкили саёҳатҳои ҷолиби ба мубодилаи фарҳангӣ ва зебоии табиӣ нигарондашуда зарур мебошанд.
Ҳамчунин, таблиғи фаъолонаи маҳсулоти сайёҳӣ тавассути платформаҳои рақамӣ муҳим дониста мешавад. Ҳамкории сатҳи ҳукуматӣ заминаи чунин ташаббусҳоро фароҳам меорад.
Ёдрас мешавем, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух, ки 23 – 26-уми июли соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт, байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд. Ин санад татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати ҷалби сайёҳон ва рушди намудҳои гуногуни сайёҳиро дар ҳар ду кишвар имконпазир мегардонад.
РОҲҲОИ ҶАЛБИ САЙЁҲОНИ МУҒУЛ БА ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон, ки дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва табиати зебову дилкаш бо кӯҳҳои сарбафалак, кӯлу дарёҳои сероб ва манзараҳои зебои кӯҳӣ мебошад, метавонад барои сайёҳони муғул, ки ин махсусиятҳо дар кишвари онҳо камтар ба назар мерасанд, ҷолибу диданӣ бошад. Вале барои ҷалби сайёҳон аз Муғулистон ба Тоҷикистон, аввалан, бояд таҳияи маҳсулоти муштараки сайёҳӣ, назири сафарҳои мавзуии «Шоҳроҳи бузурги Абрешим», «Фарҳанги бодиянишинии Муғулистон», «Сафарҳои кӯҳгардӣ дар Бадахшон», «Шиносоӣ бо ганҷинаҳои тамаддунҳои қадим» ва ба ин васила, пешниҳоди боздид аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон ва баръакс, мубодилаи таҷрибаи биёбонгардӣ ва фарҳанги кӯҳӣ дар Муғулистон, ба роҳ монда шавад. Дуюм, беҳтар кардани дастрасии нақлиёт тавассути ташкили парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Улан-Батор. Сеюм, маркетинг ва таблиғот бо забонҳои муғулӣ ва англисӣ, пешбурди фаъолонаи шабакаҳои иҷтимоии Instagram, Facebook ва YouTube бо тамаркуз ба зарфиятҳои аҷиби сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби блогерони машҳури соҳаи сайёҳии Муғулистон барои тарғиби зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар он кишвар. Чорум, беҳтар кардани сатҳу сифати хидматрасонӣ ва инфрасохтори соҳа дар деҳот ва мавзеъҳои табиӣ. Ҳамаи ин тадбирҳо метавонанд ба афзоиши сафарҳои шаҳрвандони ин кишвар ба Тоҷикистон мусоидат намоянд, ки аз манфиат холӣ нест.
МУҲИМИЯТИ ҶАЛБИ САЙЁҲОНИ ТОҶИК БА МУҒУЛИСТОН
Ҷалби сайёҳони тоҷик ба Муғулистон барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба, мубодилаи мероси фарҳангӣ, рушди сайёҳӣ дар ҳар ду кишвар ва тақвияти иқтисодӣ муҳим мебошад. Сайёҳӣ дар Муғулистон муҳити табиии беназири даштҳо, биёбони Гоби, кӯҳҳои Олтой, фарҳанги бодиянишинӣ, дайри буддоӣ, деворнигораҳо, кашфиётҳои палеонтологӣ (қабристонҳои динозаврҳо) ва саноати рушдёфтаи сайёҳии экологиро дар бар мегирад ва хатсайрҳои аҷиб дар табиати бикр ва истироҳати фаъолро пешниҳод мекунад, ки саёҳати экстремалиро бо истироҳат дар юртаҳо муттаҳид месозад. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон боздиди Муғулистон, бешубҳа, ҷолиб буда, ҷараёни сайёҳон, инчунин, манфиатҳои дигареро низ ба бор меорад, зеро ҳар ду кишвар манфиатҳои муштарак ва дастрасии логистикиро доранд. Гузашта аз ин, сайёҳӣ воситаи пуриқтидор барои муттаҳид кардани одамон ва тақвияти муносибатҳои дӯстонаи байни Тоҷикистон ва Муғулистон мебошад. Аз ин рӯ, ҷалби сайёҳони тоҷик ба Муғулистон як қисми стратегии рушди ҳамкориҳои дуҷониба буда, аз ҷиҳати фарҳангӣ ва иқтисодӣ ба ҳар ду ҷониб судманд аст.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»