Баргашт Чоп кардан

ШОМИ ШАНБЕ


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

ФИЛВОРДИ «ҶОИЗАИ НОБЕЛ»
Дар ин филворд номи нависандаҳои маъруфи олам, ки бо Ҷоизаи Нобел мушарраф шудаанд, ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.


Таҳиягар Ш. ШОКИР
Бо мо ҳамкорӣ намоед!


Телефон:
238-53-82


Масъули рубрика
Ш. ШОКИР


ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ШИРКАТ»
1. Фолксваген 2. Шкода 3. Старбакс 4. Пума
5. Филипс 6. Нетфликс 7. Сони 8. Майкрософт 9. Тойота 10. Ҳайэр
11. Самсунг 12. Волво 13. Ҳуавэй 14. Сабвэй 15. Панасоник
16. Уолмарт 17. Рибок 18. Блэкстоун
19. Бэнтли 20. Тошиба


ЯК ПАНД
Марде аз назди ҳавзи об мегузашт. Дид, ки гурбае дар он ғарқ шудааст. Даст дароз кард, то онро берун орад, вале гурба дасти ӯро чангол зад. Бори дуюм даст дароз кард, боз гурба дасташро зарба зад. Мард бори сеюм кӯшиши наҷоти гурбаро кард, вале боз ҳамон натиҷа.
Нафаре, ки ин манзараро мушоҳида мекард, гуфт:
– Эй мард, ин гурба се бор мешавад дасти туро хуншор мекунад, ба ту панд намешавад?
Мард ба гапи ӯ аҳамият надода, ниҳоят гурбаро аз об берун кашид. Пас ба он нафар рӯ оварда, гуфт:
– Табиати гурба чангол задан аст, табиати ман раҳм варзидану меҳрубонӣ. Чаро бояд иҷоза диҳам табиати ӯ бар табиати ман ғолиб ояд?


Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР


ДЕБРА ГОДДАРД
БО АЗМИ ТАБОБАТИ МОДАР МИЛЛИОНЕР ШУД


Дебра Годдарди бритониёӣ аз шумори занҳои сарватмандест, ки ҳаёти фақиронаро аз сар гузарондааст. Таърихи сарватманд шудани ин зан аҷиб аст. 33 сол қабл, дар ҷавонӣ, аз пирзане, ки назди бозор ашёи атиқаро бо нархи арзон мефурӯхт, ангуштарии монанд ба оҳани сиёҳро бо нигини назарногир харид. Ангуштарро солҳо дар хона нигоҳ дошт ва ҳатто боре ҳам онро дар ангушт накард. Баъди солҳо модари Дебра ба бемории вазнин мубтало шуд ва ӯро лозим омад, ки ба хотири табобат ҷавоҳироташро ба савдо гузорад.
Вақти савдо маълум гардид, ки санги ангуштар бриллиант будааст. Онро бо арзиши 50 миллион доллар фурӯхт ва дар як лаҳза ба бонуи миллионер табдил ёфт.
Таҳияи Кароматулло АТО


БАРОИ ИШҚ АЗ ЮНОНУ ДАНИЯ ДАСТ КАШИД


Филипп, шавҳари Елизаветаи II, дар оилаи шоҳзодаи Юнону Дания Андрей ва малика Алиса ба дунё омадааст. Барои издивоҷ бо Елизавета шоҳзодаро мебоист шаҳрванди Бритониё шуда, аз ворисии тахти Юнону Дания даст кашад. Ӯ ин корро кард. Бар ивази чунин “қурбонии бузург” дар роҳи ишқ Филлипп бо унвони Барони Гринвич ва Герсоги Эдинбург сарфароз гашт.
Филипп бо шаҳбонуи дӯстдораш соли 1947 издивоҷ карда, то охири умр, яъне то фаро расидани маргаш (2021) – ҳафтоду чор сол, бо ҳам зистанд. Чанде пас маликаи Бритониё Елизаветаи II низ дунёро падруд гуфт.
Таҳияи Кароматулло АТО


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ВАҚТЕ ҲАЁТ АЗ БУНЁДАШ ТАЛХ АСТ...
Даниел Дефоро доираи хеле васеъ шинохтаву эътироф мекунанд. Муҳаққиқони соҳа, ҳатто, ӯро асосгузори жанри роман мегӯянд, ки бесабаб нест. Албатта, шуҳрати ҷаҳонии ин нависандаи саршиносро романи «Робинзон Крузо» (1719) таъмин кардааст, вале ӯ дар навишти жанрҳое чун памфлет низ то ҳадде қалами «тез» доштааст, ки чандин бор аз пушти торсгӯиҳояш ба зиндон маҳкум шудааст.
Ҳар нафаре шахсияти Дефоро мешиносад, гумон мекунад, ки ӯ хеле роҳат ва бениёз зистааст. Аммо афсӯс чунин нест. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки нависандаи машҳуре чун Даниел Дефо баъд аз марг эътирофу арҷгузорӣ шуда, бе муҳобот аз худу аз гузаштаи худ шармида, бо ин ҷаҳон падруд гуфтааст.
Ҳақиқат ин аст, ки аз таваллуд номи ӯ Даниел Фо буду мутааллиқ ба оилаи гӯштфурӯши одӣ. Чун сари ақл омад, аз шарм ба насаби худ калимаи «Де» илова кард ва худро Даниел Дефо аз табори дарбориён муаррцифӣ сохта, тарҷумаи ҳолашро низ аз нав худаш бофтааст. Бо вуҷуди ин, баъди эҷоди беш аз 500 асари гуногунжанр низ ба мартабае, ки мехост муваффақ нашуд.
Тасаввур кунед, танҳо бо гузашти 100 сол баъд аз маргаш, шуҳрати ҷаноншумули ӯро дида, роҳбарони давр сари қабраш ҳайкалашро месозанд. Аҷиб аст, вақти зиёрат зери мақбараи ӯ навиштае ба ин мазмун ба чашм мехӯрад: «Ба хотираи муаллифи «Робинзон Крузо»».


Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА


«МУВАФФАҚИЯТ»
МУҲАММАД АЛӢ: БУЗУРГӢ БЕРУН АЗ РИНГ


Муҳаммад Алӣ муштзане буд, ки то охирин лаҳза мубориза бурд, ҳатто вақте чашмонаш дуруст намедиданд.
Ӯро бузургтарин муштзани таърих меноманд. Соли 1964, бо шикаст додани Сонни Листон ҷаҳонро ба ҳайрат овард. Он рӯзҳо касе гумон надошт, ки сахттарин муборизаҳои ӯ на дар ринг, балки берун аз он оғоз мешаванд.
Гап сари он ки, вақте ҷанги ИМА бо Ветнам шуруъ шуд, Муҳаммад Алӣ аз иштирок дар ҷанг, ки онро ноодилона мешуморид, сарпечӣ кард. Ӯ ошкоро гуфт: «Ман бо ветнамиён ҳеҷ гуна душманӣ надорам». Барои ин мавқеи худ ӯро аз унвони чемпионӣ маҳрум карданд, аммо ақибнишинӣ накард.
Солҳо пас ба ринг баргашт - дигар на ҷавони серҳаракат, балки марде пиртару сусттар, вале бо руҳи шикастнопазир. Ӯ боз бузургҷуссаҳоеро чун Ҷо Фрейзер ва Ҷорҷ Форман мағлуб намуд. Баданаш тадриҷан суст мешуд: дастонаш вазнин мегаштанд. Табибон аз ӯ талаб карданд, ки муҳорибаро бас кунад.
Бо вуҷуди ин, соли 1980 бори охир зидди Ларри Холмс ба ринг баромад. Ӯ 38-сола буд, Холмс бошад, дар авҷи қувват. Бори аввал дар фаъолияти касбии худ, Муҳаммад Алӣ натавонист муборизаро то охир идома диҳад.
Соли 2016 аз олам гузашт. Муҳаммад Алӣ қудрати муштҳояшро аз даст дод, аммо ҷасорат, виҷдон ва устувории руҳро ҳаргиз.
Ӯ ба ҷаҳон омӯхт, ки бузургӣ танҳо дар пирӯзӣ нест, балки истодагарӣ барои ҳақиқат аст, ҳатто вақте ки нархи он хеле гарон бошад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
96 ДАРСАД РОЗӢ

Аз маҷлиси ҷамъбасти сол:
– Рафиқон журналистон, таҳлилҳои омӯзишии мо собит сохтанд, ки 96 дарсади хизматчиёни давлатӣ аз музди меҳнати худ шикоят надоранд.
– Мебахшед, дар таҳқиқоти шумо, асосан, кадом қишри ҷомеа мавриди пурсиш қарор гирифт?
– Ростӣ, бо назардошти маҳдудияти вақт, мо ҳамаи 450 нафарро аз бинои парлумон интихоб карда пурсидем.


Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА


ЯК ЭЪТИРОЗ
Аз маҷлиси ҷамъбасти сол:
– Мебахшед, рафиқ Семёнов, ман комилан зидди онам, ки дар пайравӣ ба давлатҳои арабӣ барои порахӯрӣ буридани дасти фасодкоронро ба ҳукми қонун дарорем.
– Чаро?
– Худ қазоват кунед, бо ҳукумати бедаст мо чӣ гуна давлатдорӣ мекунем?!


Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ҶОИЗАИ “ОСКАР”
* Маросими аввалини супурдани Ҷоиза соли 1929 дар меҳмонхонаи «Ҳолливуд Рузвелт Ҳотел» (Hollywood Roosevelt Hotel) баргузор гардида, ҳамагӣ 15 дақиқа давом кардааст.
* Уолт Дисней то ба ҳол 59 бор ба Ҷоиза пешниҳод гардида, 26 бор соҳиби он гаштааст.
* Дар таърих танҳо се филм: «Бен Гур» (1959), «Титаник» (1997), «Шоҳангуштарӣ: бозгашти шоҳ» (2003) 11-маротибаӣ соҳиби «Оскар» шудаанд. Вале, филми «Шоҳангуштарӣ: бозгашти шоҳ» нисбат ба дигар филмҳо барҷастатар мебошад: ба 11 номгӯйи ҷоиза пешниҳод гашта, 11 «Оскар» гирифтааст.
* Бонуе, ки беш аз ҳама соҳиби «Оскар» гаштааст, тарроҳи либосҳо Эдит Ҳэд мебошад. Ӯ солҳои 1950-1974 сазовори 8 «Оскар» шудааст.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ


КИТОБҲОИ ЗАНҶИРБАНД


Дар китобхонаҳои асримиёнагии Аврупо китобҳоро дар рафҳо бо занҷир мебастанд. Занҷири китобҳо он қадар дароз буд, ки истифодабаранда метавонист аз рафҳо дур шуда, ба мутолаа машғул шавад, аммо онро аз китобхона берун бароварда наметавонист. Ин усули хизматрасонӣ, ки арзиши нусхаҳои нодири китобхонаҳоро нишон медод, то асри ХVIII роиҷ буд.


Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН


ЗОЛИ ЗАРИ СОНӢ
Дар Венгрия тифлаке тавлид ёфтааст, ки ба ҷойи мӯйи сиёҳ мӯйи барф барин сафед дорад. Табибон мегӯянд, ки сафедии мӯйи ин тифли навзод нишонаи ягон намуди беморӣ ё фишори руҳӣ нест ва баъди ба воя расидан ранги мӯяш бояд тағйир ёбад.
Баъзеҳо бо ин ақидаи табибон розӣ нестанд ва мӯйи сафедро нишонаи албинизми барвақтӣ меноманд. Аслан, сафедмӯйӣ дар кӯдакон ирсӣ аст, вале дар баъзе ҳолатҳо он метавонад нишонаи норасоии витамини В12 ва дигар бемориҳо бошад. Аммо тавре собит шуд, ҳолатҳои истисноӣ низ ҳастанд.

Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ЧАРО АРАБИСТОН АЗ АВСТРАЛИЯ РЕГ МЕХАРАД?
Арабистони Cаудӣ кишвари сарватманд буда, қаламрави онро биёбонҳо ишғол мекунанд. Дар он ҷо сохтмони иншооти гуногун дар авҷ аст. Аз нигоҳи аввал ба назар чунин мерасад, ки дар биёбон ҳаҷми зиёди маводи сохтмонӣ – рег мавҷуд аст. Аммо ин рег дар сохтмон истифода намешавад, зеро номувофиқ аст. Аз ин рӯ, Арабистони Саудӣ барои сохтмонҳои сершумори худ аз Австралия рег ворид мекунад. Ҳарчанд гарон бошад ҳам, даромади нафт онро ҷуброн менамояд.
Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ


ЛЕОНИД РОГОЗОВ
ТАБИБЕ, КИ ХУДРО ҶАРРОҲӢ КАРД
Ин қисса соли 1961 дар Антарктида рух додааст. Доктор Леонид Рогозови 27-сола, ки ба ҳайати экспедитсия ба Антарктида ҳамроҳ гардида буд, 29-уми апрел гирифтори аппендитсити шадид шуд. Азбаски ӯ ягона духтур дар ҳайат буд ва обу ҳаво барои парвоз номусоид, қарор кард, ки ҷарроҳиро худаш анҷом диҳад.
Бо ёрии як метеоролог, ки ба ӯ асбобҳо медод ва ронандае, ки оина дошт ва ба мизи ҷарроҳӣ нур равона мекард, духтур наркозро гузаронд ва амалиётро оғоз кард, ки тақрибан ду соат давом ёфт ва замоне ки аз ҳуш рафт, амалиёт қатъ шуд.
«Ёварони бечораи ман! Дар лаҳзаи охир ба онҳо нигоҳ кардам: онҳо бо халатҳои сафед аз сафедӣ сафедтар буданд», - баъдан ба ёд овардааст духтур.
Панҷ рӯз пас ҳарорати ӯ ба ҳолати муқаррарӣ баргашт ва ду рӯз пас кӯкҳо канда шуданд. Леонид Рогозов машҳури ҷаҳон шуд. Ҷарроҳие, ки ӯ ба худ анҷом дод, дар даҳгонаи қаҳрамониҳои монанд шомил гардид.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ


ТАБИБИ МАҲБУБИ МАРДУМИ КИТОБХОН


Дар як гӯшаи дурдасти шаҳри Эдинбурги Бритониёи Кабир табиби чашм Артур Конан Дойл зиндагӣ мекард. Ба дармонгоҳи ӯ дар як рӯз 2-3 бемор муроҷиат менамуд.
Он замон бозори асарҳои моҷароӣ (детективӣ) гарм буд. Артур Конан низ аз набудани мизоҷон дилгир шуда, китобҳои детективӣ мехонд. Рӯзе ба сараш ғояи асape омаду аввалин қисмати қиссаи Шерлок Ҳолмсро навишт. Онро тавассути почта ба нашрияе фиристод. Баъди чанде ҳаққи қалам ба ӯ расид. Лифофаро кушода, ҳайрон монд, чунки музди ҳикоя аз моҳонаи ӯ ду баробар зиёд буд. Баъди навиштани қисми дуюми саргузашт аз нашрия паём расид, ки 8 қисми дигари онро ба зудӣ бинависад, зеро онро дар шакли китоб чоп карданӣ буданд.
Ҳамин тавр, китоби “Саргузаштҳои Шерлок Ҳолмс" ҳазорон нусха чоп шуда, ба ӯ шуҳрати оламшумул ва сарвати беҳисоб овард ва ба қавле, ӯ табиби маҳбуби мардуми китобхон шуд.


Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА


ҲЕРМЕС
Hermes (Ҳермес) – хонаи мӯди фаронсавӣ буда, соли 1837 аз ҷониби Терри Ҳермес ҳамчун макони вагонҳо ва таҷҳизоти варзиши аспдавонӣ таъсис ёфтааст. Он оҳиста-оҳиста маҳсулоти худро васеъ карда, баъдан атриёт, либосҳо ва дигар лавозимоти гуногунро ҷорӣ кард. Соли 1855 дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Париж медали дараҷаи якумро соҳиб шуд. Аз соли 1880 писараш Чарлз Эмил Ҳермес тиҷорати падарашро ба уҳда гирифт. Ӯ маснуоти зиндӯзиро илова карда, баъдан ба фурӯш баровард. Соли 1950 бошад, дар логотипи ширкат аробаи асп бо ранги норинҷӣ тасвир шуд.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА


ОДАТҲОИ ҶОЛИБ
ЭҲТИРОМ
Яке аз одатҳои ҷопониён ин аст, ки шахс бояд тақрибан 10 дарсади хӯрок ё нӯшокиро дар табақ ё пиёлаи худ ҳамчун нишони миннатдорӣ ва эҳтиром ба мизбон боқӣ гузорад.
Бояд гуфт, ки истеъмоли аз ҳад зиёди хӯрок ё нӯшокӣ дар Ҷопон ҳамчун беэҳтиромӣ ва беадабӣ дониста мешавад.


Таҳияи Басона А.


ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
10 футболбозе, ки аз ҳама бештар ҷоиза ба даст овардаанд
9. Райан Гиггз (Уэлс) – 35 ҷоиза
Райан Гиггз тамоми корномаи варзишии худро дар ҳайати бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» (Англия) гузаронда, дар 963 бозӣ ширкат варзидааст, ки ин натиҷаи рекордӣ мебошад.
Ӯ аввалин бор бо ин бошгоҳ дар мавсими солҳои 1992 – 1993 чемпиони Англия шуд ва минбаъд 12 маротибаи дигар ин унвонро ба даст овард.
Райан Гиггз, инчунин, соҳиби Ҷоми Англия, Суперҷоми Англия, Суперҷоми УЕФА, Ҷоми байниқитъавӣ буда, дар мусобиқаҳои Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ва Чемпионати ҷаҳонии клубҳо низ ғолиб омадааст.
Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО


ИДИ ФИЛ
Мардуми Тайланд ҳар сол 13-уми март Рӯзи миллии филҳоро ҷашн мегиранд. Ҳадаф аз он нишон додани муҳимияти филҳо барои аҳолии Тайланд ва камшумор шудани онҳо мебошад.
Дар ин рӯз филҳо дар намоишу парадҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳатто расмкашӣ иштирок мекунанд.
Дар баъзе шаҳрҳо бошад, сокинон мизи пур аз мева ташкил карда, пешкаши филҳо мекунанд.

Таҳияи Носирҷон А.


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ҶОИЗАИ «ТӮБИ ТИЛЛОӢ»
1. «Тӯби тиллоӣ» аз биринҷии зарҳалӣ омода гардида, вазнаш 12 килограмм асту нархи аслияш тахминан 3000 евроро ташкил медиҳад.
2. Алҳол бозигари аргентинӣ Лионел Месси беш аз ҳама бо ин ҷоиза сарфароз шудааст (8 маротиба).
3. То соли 2007 ба дарёфти «Тӯби тиллоӣ» танҳо футболбозоне мушарраф мегаштанд, ки дар Аврупо таваллуд шудаанд ё шаҳрванди яке аз давлатҳои аврупоиянд.
4. Аз ҳама зиёд бозигарони дастаи «Реал» ва «Барселона» соҳиби ҷоизаи мазкур гардидаанд (12-борӣ).
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА